Зарбаи пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон. ВИДЕО

"Мардикорбозор"-и Душанбе. Мардони бекор дар ин ҷо кор меҷӯянд

Пандемияи короновирус ба иқтисоди Тоҷикистон зарба зад. Беш аз ҳама аз ҳисоби коҳиши пулҳои интиқолии муҳоҷирон.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зарбаи пандемия ба иқтисоди Тоҷикистон

  1. Президент Раҳмон дар номааш ба Сандуқи Байналмилалии Пул навишт, ки интиқоли пул танҳо аз Русия 50 дарсад кам шудааст. Ӯ гуфтааст, назар ба соли гузашта интиқоли пул 80 миллион доллар кам шуд. Даромади ҳар чорумин хонавода дар Тоҷикистон аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст.
  2. Ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ иқтисоди Тоҷикистон имсол дучори рукуд хоҳад шуд. Бинобар пешбинии бонк иқтисоди Тоҷикистон то 2 дарсад рукуд мекунад. Вазорати рушди иқтисод бо ин пешбинӣ мувофиқ нест ва мегӯяд, рушди иқтисоди кишвар имсол 5 дарсад хоҳад шуд. Ин рукуди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аз замони имзои созишномаи сулҳ дар соли 1997 бесобиқа аст. ​Аз соли 1997 иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба рушд аст ва аз соли 2010 инҷониб рушди 6-7-дарсадӣ дорад.
  3. Бинобар омори расмӣ содирот ва воридот асосан моҳи майи 2020 ба шиддат кам шудааст. Ба маълумоти Оҷонсии омор моҳи майи 2020 Тоҷикистон ҳамагӣ ба 40 миллион доллар ба хориҷа мол содир кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 дарсад камтар аст. Воридот дар моҳи май 195 миллион доллар шудааст, ки дар қиёс ба як сол пеш 32 дарсад камтар аст.
  4. Тоҷикистон танҳо 30-уми апрел вуҷуди короновирусро дар кишвар эътироф кард. Карантин ҷорӣ нашуд, танҳо кори бозорҳои ғайрихӯрокворӣ мувақатан манъ шуд. Барои дер эътироф кардани сирояти беморӣ ва ҷорӣ накардани карантин мунтақидон ҳукуматро танқид карданд. Коршинсони рӯ ба ҳукумат гуфтанд, имкониятҳои молии давлат маҳудуд аст ва наметавонист мисли дигар кишварҳо карантини саросарӣ ҷорӣ кунад.
  5. Зиёни молии иқтисоди Тоҷикистонро аз пандемияи короновирус коршиносон беш аз 600 миллион доллар арзёбӣ мекунанд. Баҳром Шарипов, коршиноси тоҷик мегӯяд, "бо назардошти он ки давомнокии пандемия чӣ қадар мешавад, дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя (зарар гуногун) хоҳад буд. Дар муроҷиати президент ба Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуд, ки зарари пандемия ба Тоҷикистон тақрибан 650 миллион доллар шавад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!