Шаҳрдории Душанбе аз шаби 23-уми апрел барои пешгирӣ аз хуруҷи бемории COVID-19 ба безараргардонии саросарии пойтахти Тоҷикистон оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, ки безарарсозӣ хиёбону кӯчаҳои шаҳр то замони аз байн рафтани хатари беморӣ идома хоҳад ёфт.
Кӯчаву хиёбонҳоро шабона мошинҳо бо гипохлориди натрий дезинфексия ва аз микробу вирус пок мекунанд, муассисаҳоро бо абзорҳои дастӣ. Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси шаҳр 24-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Корхонаи обу корези Душанбе қодир ба тавлиди тақрибан 200 ҳазор литр маҳлули гипохлориди натрий аст, ки барои безараргардонӣ кофист, вале дар сурати зарурат имкони то 300 ҳазор литр маҳлули ин моддаи кушанда барои вирусу микробҳо вуҷуд дорад.
Маҳмадсаид Зувайдзода афзуд:“Корҳои поккориро мо асосан шабона анҷом медиҳем. Хиёбонҳову истгоҳҳо ва биноҳои атрофи роҳҳои асосӣ коркард мешаванд. Ба куллияи муассисаҳо, мактабҳову бемористонҳо мо миқдори зарурии ин маҳлулро ҷудо мекунем ва кормандон бо дастгоҳҳои дастӣ биноҳои худро безарар мекунанд”. Маҳмадсаид Зувайдзода афзуд, ки безарарсозиро мошинҳои ширкати “ФАВЗ” ва Корхонаи обу корези Душанбе анҷом медиҳанд, вале дар сурати зарурат, аз 80 мошини обпошӣ ва даҳҳо мошинҳои сӯхторнишонии Душанбе истифода хоҳанд кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Абдуҷаббор Бақоев, мудири коргоҳи тавлиди маҳлули гипохлориди натрий дар Корхонаи обу корези Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, маҳлуле, ки барои безарарсозӣ ба кор мебаранд, барои пок кардани оби ошомиданӣ истифода мешавад. Ӯ афзуд: “Бо назардошти эҳтимоли паҳн шудани коронавирус тасмим шуд, ки бо ин маҳлул кӯчаҳову гулгаштҳои Душанбе ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ низ коркард шаванд. Ин маҳлул ба ҳеҷ як растаниву ҷонваре зарар намерасонад. Барои тавлиди ин маҳлул асосан намаки дохилӣ ва ду моддаи кимиёвие истифода мешавад, ки аз Русияву Узбекистон меоранд”.
Шералӣ Мирзоев, масъули тақсими маҳлули гипохлориди натрий мегӯяд, ки ҳамарӯза то 6 ҳазор литр аз ин моддаро ба корхонаҳову муассисаҳои пойтахти Тоҷикистон тақсим мекунад. Як литри маҳлул як сомонӣ будааст ва танҳо барои хиёбону кӯчаҳои Душанбе ҳамарӯза 200 ҳазор сомонӣ ё 20 ҳазор доллари амрикоӣ сарф мешудааст.
Шералӣ Мирзоев гуфт: “Ҳар як муассиса вобаста ба масоҳати корхона ва теъдоди талабаҳо, беморон ва мизоҷонаш аз 50 то 100 литр аз ин маҳлулро дархост мекунанд. Мо ба онҳо маҳлули якфоизиро дастрас мекунем, вале муассисаҳо маъмулан маҳлули нимфоизиро истифода мекунанд ва барои ҳамин онро бо об омехта ва миқдорашро ду баробар бештар мекунанд”.
Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе мегӯяд, ҳарчанд то ҳол дар Тоҷикистон бемории COVID-19 ошкор нашудааст, аммо мақомот чораҳо барои пешгирӣ аз сирояти вирусро тақвият додаанд. Ба гуфтаи вай, ба тамоми кормандони сохторҳои шаҳрдорӣ дастур шудааст, ки бидуни ниқоби тиббӣ ба кор наоянд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Зувайдзода, ҳар як корманд, ҳатто муовини раиси шаҳр, дар сурати эҳсоси беморӣ метавонад, ба кор наояд ва ба пизишкон муроҷиат кунад. Дезинфексия ва безараргардонӣ дар вилояти Суғд ва Хатлон низ ҷараён доштааст. Ба иттилои вазоратҳои маориф ва тандурустӣ муассисаҳои ин вазоратҳо ҳамарӯза дезинфексия мешаванд.