Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, як корманди 58-солаи шифохонае, ки гурӯҳе аз сокинон дар онҷо карантин шудаанд, фавтидааст, вале марги ӯ иртиботе ба бемории КОВИД-19 надорад.
Вазорат рӯзи 13-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Оишамоҳ Алимова, ки дар Шифохонаи марказии вилоятии Хатлон дар Бохтар кор мекард, рӯзи 12-уми апрел бар асари «сили иртишоҳи мобайнии ҳарду шуш, гипертрофияи меъдачаи чапи дил ва атеросклерози шоҳраг фавтид».
Ба гуфтаи хешовандони Оишамоҳ Алимова, сокини деҳаи Кӯшониён, ки ба ҳайси фаррош кор мекард, бемориҳои дигаре доштааст. Маҳмадӣ Шомуродов, сокини ҷамоати Бӯстонқалъа, ки гуфт, Оишамоҳ Алимова ҷиянаш мешавад, рӯзи 13-уми апрел зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ӯ аз бемории қалб ва ҷоғар ранҷ мекашидааст: "Сактаи дил дошт, аз кӯдакиаш ҷоғар дошт. Табибон омада, таъзия, баён карданд. Ягон бемории дигаре надошт."
Ба гуфтаи Маҳмадӣ Шомуродов, Оишамоҳ Алимова, бемории шуш ва ё сил надошт, ҳарчанд дар хабари расмӣ, яке аз сабабҳои марги ӯро “сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳарду шушҳо ва бемории қалб навиштаанд. Оишамоҳ Алимова сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён, аз рӯзи карантин шудани муҳоҷирон дар шифохонаи марказии вилояти Хатлон ҳамчун навбатдор онҷо меистодааст.
Дар сурати навбатдорӣ дар шифохонаҳо ва бо назардошти шароити карантин ба беморону парасторон пули бештар медиҳанд ва як манбаъ дар шифохона ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ Оишамоҳ Алимова ба ҳамин сабаб хостааст, ки навбатдор бимонад. Ӯ ба ҳайси тамизкор дар шифохона солҳо боз кор мекардааст. Дар ин ҷо ҳоло 400 нафар дар карантин қарор доранд.
Мақомот мегӯянд, фавти ин бонуи 58-сола ба бемории КОВИД-19 пайванде надорад. Озмоиш низ нишон додааст, ки коронавирус ба ӯ сироят накардааст. Дар шифохонаи мазкур дар маркази вилояти Хатлон гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон нигаҳ дошта мешаванд, ки аз хориҷ ва бахусус аз Русия омадаанд ва бояд барои муоинаи доимии 14 доимии рӯза дар онҷо бимонанд.
Қаблан хабари марги як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва карантинӣ шудани 11 корманди тиб ва 2 нафар аз наздикони ӯ дар байни аҳолӣ овозаҳои омадани корнавирусро ба Тоҷикистон густариш дод. Мақомоти давлатӣ гуфтанд, ин мард Ҳабибулло Шодиев аз илтиҳоби шуш ё пневмония даргузашта, озмоиши намунаҳо ҷой доштани вирусро дар тани ӯ тасдиқ накардааст. Сокини дигари ин ноҳия, Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ба гуфтаи мақомот аз "бемории ишемиявии дил, фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4" фавтид, аз ҳамкорони бародари Шодиев будааст, ки низ гумонҳоро дар бобати роҳ ёфтани коронавирус ба Тоҷикистон афзоиш дод. Вале Маъруфҷон Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, рӯзи 11-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз Ҳоҷимуҳаммад Тошев ташхиси коронавирус гирифта буданд ва "натиҷааш манфӣ баромад”.
Вазорат мегӯяд, пинҳон доштан ба нафъи кишвар нест
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то кунун дар кишвар ягон мавриди сирояти коронавируси нав сабт нашудааст, вале азбаски дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, Чину, Узбекистону Қирғизистон беморӣ ба ҳазорон нафар сироят кардааст, бисёриҳо ба гуфтаҳои мақомоти расмӣ шубҳа доранд. Айни замон ҳар касе, ки аз хориҷ меояд, бар асоси муқаррарот ҳадди аққал 14 рӯз дар карантин нигаҳ дошта мешавад.
Дар баёнияи вазорат омадааст, дар сурати ба қайд гирифтани коронавирус дар Тоҷикистон, “вазорати тандурустӣ расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард, зеро пинҳон нигоҳ доштани сироят ба нафъи ҳеҷ кишваре нахоҳад буд.” Бино ба омори расмӣ аз 1-уми феврал то рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон 7560 нафарро, ки аз хориҷ омадаанд, дар карантин нигаҳ доштаанд аз миён фақат 1836 нафар ҳанӯз ҳам нигаҳ дошта мешаванд ва бақияро ҷавоб додаанд.
Дар миёни онҳо 326 нафар хориҷиён будаанд ва айни замон 5 нафарашон дар карантин нигаҳ дошта мешаванд. Маргҳои шубҳабарангез дар шимоли кишвар ва аз ҷумла аз ҳисоби онҳое, ки дар карантин будаанд, зоҳиран вазорати тандурустиро водор кардааст, доир ба марги онҳое, ки дар муассисаҳои тиббӣ кор мекунанд, гузориш бидиҳад.