Дар Қазоқистон наздики 1000 бемори COVID-19 шифо ёфтанд

Табобати бемор дар яке аз шифохонаҳои Порис

Ба маълумоти Вазорати тандурустии Қазоқистон, дар ин кишвар то субҳи 3 май 3 ҳазору 877 ҳолати сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шуда, 995 кас шифо ёфта, 26 бемор фавтид.

Охирин мавриди марг аз COVID-19 шаби гузашта дар вилояти Қарагандаи ин кишвар ба қайд гирифта шуд. Дар яке аз бемористонҳои ин вилоят як шаҳрванди 62-сола даргузашт.

Мувофиқи маълумоти Донишгоҳи амрикоии Ҷонс Ҳопкинс, ки вазъи гирифторӣ ба коронавирус ва пайомадҳои онро дар саросари ҷаҳон табақабандӣ мекунад, шумораи умумии ҳолатҳои коронавирус дар ҷаҳон аз 3,4 миллион нафар гузашт. Зиёда аз 1,1 миллион одам аз беморӣ шифо ёфтанд ва 244 ҳазор нафар вафот карданд.