Намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон: Бояд ба "сенарияи бадтарин" омода бошем

Галина Перфилева, раиси дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Душанбе гуфт, ҳайати фаннии созмон охири ҳафтаи ҷорӣ вориди Тоҷикистон хоҳад шуд. Қарор аст, ҳавопаймое, ки 1-уми май ба Франкфурт равад, ҳангоми бозгашт дипломатиҳои аврупоиро ба Душанбе оварад.

Сафари ҳайати фаннии СҶТ дар ҳоле сурат мегирад, ки пуштибонӣ ва интиқодҳо аз кори созмон дар Тоҷикистон ҳарчи бештар садо медиҳад. Мақомоти тандурустии кишвар то ҳафтае пеш бо такя ба суханҳои Галина Перфилева, раҳбари дафтари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Душанбе, батакрор мегуфтанд, ки коронавируси нав ба Тоҷикистон роҳ наёфтааст. Худи Перфилева охири ҳафтаи гузашта гуфт, "ҳеч гоҳ сад дарсад нагуфтааст, ки дар Тоҷикистон коронвирус вуҷуд надорад".

Галина Перфилева рӯзи 27-уми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ба суолҳо дар бораи коронавирус, фавти пайиҳами бархе аз сокинон аз илтиҳоби шуш ва масоили дигар посух дод.

Радиои Озодӣ: Дар суҳбат бо нашрияи "Коммерсант" гуфтед, ки ба набудани коронавирус дар Тоҷикистон сад дарсад бовар надоред. Назари худро шарҳ дода метавонед?

Галина Перфилева: Ман дар ҳеч ҷой нанавиштам, ки сад дарсад бовар дорам. Мо манзараеро, ки дар ҷаҳон ҳаст, мушоҳида мекунем. Дар саросари ҷаҳон дарсади хеле зиёди бенишона ё бесимптом мубтало шудани одамон вуҷуд дорад. Ба ҳамин хотир, касе сад дарсад исрор намекунад, ки дар мо ҳама чиз хуб аст.

Радиои Озодӣ: Пас, дар бораи марги одамон бо нишонаҳои, ба гуфтаи мақомот, "пневмония" дар чанд ҳафтаи гузашта ва дафни онҳо бо селофану маҳлули монанд ба хлор чӣ мегӯед?

Галина Перфилева: Ба ман бигӯед, ки инро бо чашми худ дидед? Ман надидам.

Радиои Озодӣ: Ба мо дар ин бора хешовандонашон хабар медиҳанд.

Галина Перфилева: Ман мехостам, ки далелҳои мушаххас дошта бошам. Шумо ба ман суолҳое медиҳед, ки онҳоро тасдиқ карда наметавонам. Ман инро бо чашми худ надидам ва ҳамкорони мо ҳам инро надидаанд. Моро ин воқеият, ки ҳодисаҳои зиёди пневмония вуҷуд дорад ва ин ҳодисаҳо дар шакли бисёр сахт дида мешаванд, бешубҳа нигарон кардааст. Мо машварат медиҳем, ки баробари пайдо шудани бемориҳои роҳҳои нафас ба ёрии тиббӣ муроҷиат кунанд. Мутаассифона, ҳодисаҳои пневмония вуҷуд дорад. Ин чиз наметавонад мояи ташвиши мо набошад.

Радиои Озодӣ: Вале фавти одамон аз пневмония, ба назари Шумо, аз ҳад зиёд нест? Ё шояд солҳои гузашта на ҳама хабарҳо ба матбуот роҳ меёфт?

Галина Перфилева: Омори марги беморони илтиҳоби шушро надорам. Мо онро дархост кардем, вале, мутаассифона, онро надорам. Дидем, ки омори солҳои гузашта ва семоҳаи соли ҷорӣ фарқи зиёд надоранд. Вале ин ҳама ҳеч маъно надорад. Чунки шиддати рӯй додани ин ҳодисаҳоро дидан муҳим аст. Оё ин омор дар бораи се моҳ ва ё ҳафтаҳои охир аст? Ба мо ҳам донистани иттилои воқеӣ дар ин замина ҷолиб аст. Умеди мо ин аст, ки парвози ҳавопаймо аз Тоҷикистон ба хориҷа сурат гирад ва мо маводро ба озмоишгоҳи Лондон фиристем.

Радиои Озодӣ: Яъне, намунаҳои тестҳоро аз Тоҷикистон барои санҷиши дубора мефиристед?

Галина Перфилева: Бале, дар гузашта, мо ин корҳоро анҷом медодем. Мутаассифона, аз охири моҳи март ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба хориҷа парвоз намекунанд ва ба ҳамин хотир ҳам ирсоли мавод барои "валидатсия" имконнопазир буд. Ҳоло агар чунин парвоз анҷом шавад, мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем, ки маводи санҷиширо фиристем.

Радиои Озодӣ: Мушаххасан ба куҷо мефиристед? Ба Лондон ё Берлин?

Галина Перфилева: Мо дар тамоми Аврупо озмоишгоҳ дорем. Дафъаи гузашта ба Лондон, ба пажӯҳишгоҳи сиҳатии ҷамъиятӣ фиристодем. Ин моҳи феврал буд. Мо натиҷаҳои манфиро барои санҷиш фиристода будем. Тасдиқи натиҷаҳои манфиро ба даст овардем. Ҳоло талош дорем, ки санҷиши дубора бишавад.

Радиои Озодӣ: Дар матбуот дар бораи сифати тестҳои истеҳсоли Русияву Чин бисёр навишта ва гуфтанд, ки ба дурустии онҳо шубҳа вуҷуд дорад. Шумо ҳам ба ҳайси раҳбари намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон чунин шубҳае доред?

Галина Перфилева: Мо тестҳои санҷиширо аз СҶТ гирифтем. Онҳо истеҳсоли Олмон ҳастанд. Мунтазири омадани як бахши дигари тестҳо мебошем. Тестҳое, ки дар Русия “Вектор” истеҳсол мекунад, аз рӯи меъёрҳои СҶТ истеҳсол мешаванд. Мо дар он ки гӯё тестҳо бесифат ҳастанд, наметавонем шубҳа дошта бошем, вале бояд сабабаш маълум шавад. Мо барои мушаххас кардани сабабҳо кор мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод, аз ҷумла, нисбат ба Шумо ҳам зиёд шудааст, ки маълумоти ҳукумат, яъне Вазорати беҳдоштро мисли ҳақиқати кул қабул мекунед. Ба онҳо чӣ посух медиҳед?

Галина Перфилева: Фейсбукро намехонам, вақт надорам. Ҳар кас аз рӯи диди худ баҳо медиҳад. Мо тамоми талошамонро ба харҷ медиҳем ва ба он умед дорем, ки ҳамкорони мо омада, тими моро пурқувват мекунанд. Мо тамоми талошамонро ба харҷ додаем ва вазифаи мо он аст, ки кори озмоишгоҳҳо ва ҳам кормандони тиб дар заминаи ташхис, табобат ва таҳқиқи эпидемиологӣ бар асоси машваратҳои навтарини СҶТ сурат гирад. Мо дар ҳамин самт кор мекунем.

Радиои Озодӣ: Дар ин шабурӯз шикоятҳои зиёдро аз кормандони тиб дарёфт мекунем, ки аксарашон хаста шудаанд. Вале як чизи дигарро намешавад ба иттилои Шумо нарасонем. Шикояти бисёр аз кормандони тиб мерасад, ки мегӯянд, аз онҳо талаб мешавад, либоси муҳофизатиро бо пули худ бихаранд. Шояд ин либосҳо ёрии башарӣ ҳастанд ва, ба назари мо, бояд ба онҳо тақдим карда шавад ва ҳар рӯз нав гардад. Ба ин чӣ мегӯед?

Галина Перфилева: СҶТ кумакҳоеро, ки аз ҷониби донор ва шарикон пешниҳод мешавад, назорат мекунад. Бар асоси муқаррарот, тамоми ин ёриҳо, аз ҷумла либосҳои муҳофизатӣ ба Вазорати тандурустӣ дода мешаванд. Ман чунин далел надорам ва инро тасдиқ карда наметавонам, ки дар бархе муассисаҳои тиббӣ ҳодисаҳое рух медиҳад, ки аз назари ман ғайри қобили қабул аст. Агар чунин ҳодисаҳо ҷой дошта бошад, дар бораи онҳо на дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки ба унвонии Вазорати беҳдошт нависанд. Мо ҳам бо Шумо бояд дар бораи ҳодисаҳои воқеӣ гап занем. Агар ман медонистам, ки чунин ҳодисаҳо дар кадом беморхонаҳо ҷой доранд, бо ҳамкорон ва раҳбарият гап мезадам. Вале қотеона мегӯям, ки чунин ҳодисаҳо набояд ҷой дошта бошад. Ин тасаввурнопазир аст. Дар шароити камбуди мавод, аз ҷумла, василаҳои ҳифзи шахсӣ, тест-системаҳо – Шумо медонед, ки ин мушкили хоси тамоми давлатҳо аст. Бархе давлатҳо онҳоро истеҳсол мекунанд, дар он кишварҳо вазъ сабуктар аст. Тоҷикистон истеҳсол намекунад, балки дарёфт мекунад. Агар чунин рафтори комилан ғайри қобили қабул бошад… ман онро зери шубҳа мегузорам, вале далеле барои рад кардани гапи Шумо надорам. Мо бояд дар бораи чунин ҳодисаҳо бидонем ва бояд нависед, ки ин ҳодисаҳо дар кадом муассисаҳо ҷой дорад. Агар чунин иттилоъ дошта бошед, нависед ва коре кунем, ки чунин нашавад.

Радиои Озодӣ: Хеле хуб. Интизориҳои Шумо аз сафари ҳамкоронатон аз Аврупо чӣ аст ва кадом вазифаҳоро дар назди онҳо гузоштанӣ ҳастед?

Галина Перфилева: Мисли ҳамеша, ҳайати фанние, ки меояд, аз муассисаҳо дидан мекунад. Ҳамкорон вазъро арзёбӣ мекунанд, омӯзиш медиҳанд.

Радиои Озодӣ: Шумо дақиқ медонед, ки онҳоро ба кадом муассисаҳо мебаред?

Галина Перфилева: Феълан намедонем, чунки мо ҳанӯз посухи раҳбарияти минтақавиро дарёфт накардем. Рӯзҳои наздик бояд бирасад. Ҳамин ки ҳайати гурӯҳ тасдиқ шуд, нақшаи кори он ҳайатро дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ тасдиқ мекунем.

Радиои Озодӣ: Баъди изҳороти Ҳанс Клюге, мудири минтақавии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Аврупо, бисёре аз шореҳон ва ҳатто як мансабдори баландпоя изҳори умед карданд, ки ҳайати СҶТ метавонад бо вазъи воқеии Тоҷикистон ошно шуда, ба масъала нуқта гузорад, яъне ин ки билохира дар Тоҷикистон коронавирус вуҷуд дорад ё на...

Галина Перфилева: Ин вазифаи ҳамагонӣ аст. Вазифаи ҳайати мо на пайдо кардани ин вирус, балки кумак ба ходимони тиб барои муқобила бо вирус аст. Умед дорем, ки ҳайат омада, ба мо ёрӣ мекунад, вале ҳама дарк мекунад, ки мо ба COVID-19 омода набудем. Дар кишвар таҷҳизоти зарурӣ вуҷуд надорад. Ба ёрии донору шариконамон умед мебандем. Медонем, ки ба кишвар бояд бори калони ёриҳо бо васоили ҳифозати шахсӣ ворид шавад. Умедворем, ки ин ҳайат ба мо ёрӣ мекунад.

Радиои Озодӣ: Эҳтиёҷоти зарурии Тоҷикистон ҳоло аз чӣ иборат аст?

Галина Перфилева: Пеш аз ҳама сарулибоси ҳифозатӣ ба кормандони тиб зарур аст, чунки онҳо дар фазои хатарнок кор мекунанд. Мо пуштибонии кори озмоишгоҳҳоро идома медиҳем, чунки шумо шояд дидед, ки санҷишҳои лабораторӣ афзоиш меёбад. Албатта, доруҳои зиддивирусӣ лозим аст. Рӯйхати доруҳо бо машварати СҶТ таҳия шудааст ва шарикони мо барои интиқоли ин борҳо ба кишвар кор мебаранд. Ба дастгоҳҳои нафаскашии сунъӣ (ИВЛ) ниёз дорем ва ҳам бояд барои тавсеаи ҷойҳои хоб ё бистарӣ кардани беморон омода шавем. Тавре ҳамсояҳои мо мекунанд. Онҳо блокҳои инфексионӣ месозанд. Мо намедонем, ки вазъ чӣ гуна мешавад, вале ба пайомадҳои нохуш ва ё сенарияи бадтарин бояд омода шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!