Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зойиров гуфт, Тоҷикистон давраи савуми сирояти коронавирусро аз сар мегузаронад


Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон

Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, изҳор дошт, ки коронавирус кайҳост, ба Тоҷикистон омадааст ва ҳоло кишвар марҳалаи савуми сироятёбии худро паси сар мекунад.

Дар як баёния дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук Раҳматилло Зойиров мегӯяд, вируси корона ҳанӯз дар моҳи январ ба воситаи тоҷироне, ки ба Чин сафар карда буданд, вориди Тоҷикистон гашт ва аз онҳо ба афроде гузашт, ки бо ин соҳибкорон дар тамос буданд.

"Беморӣ ба андозаи кофӣ оммавӣ гашта буд, аммо танҳо аз як намуди вирус, яъне чинӣ”, - навиштааст раҳбари ҲСДТ ва афзудаст, мавҷудияти танҳо як намуди вирус омезишу шуриши он ва уфун ё эпидемияро ба миён намеорад.

“Агар ба Тоҷикистон ду ё се намуди вируси корона ворид мегашт ва онҳо дар “фазои иҷтимоии Тоҷикистон ба ҳам бармехӯрданд” мутатсия ё шӯриши он сар зада, эпидемия ё уфун оғоз мегирифт, чуноне ки дар дигар кишварҳо шуд”, - мегӯяд раиси ҲСДТ.

Ба ақидаи Раҳматилло Зойиров, марҳалаи дувуми вуруди вируси корона ба Тоҷикистон ҳангоми бозгашти зоирон аз сафари ҳаҷҷи умра ба вуқуъ пайваст. Ҳарчанд онҳо таҳти карантин қарор ёфтанд, бархе ҳам бо роҳи хешутаборбозӣ ё ришват берун омаданд ва дигаронро сироят карданд. Ба ин сироят, тавре ки Зойиров меафзояд, онҳое низ мусоидат карданд, ки аз кишварҳои дигар омаданд ва тавонистанд, худро аз карантин раҳо кунанд.

“Беморӣ шакли хос надорад ва бо илтиҳоби шуш ё пневмония ва сирояти гурдаҳо ва ғайра аз худ хабар медиҳад”, - навиштааст Зойиров.

Раҳбари ҲСДТ мегӯяд, кишвар ҳоло давраи савуми сирояти коронавирусро аз сар мегузаронад ва “моро ба андозаи зиёд ин наҷот медиҳад, ки аксрияти аҳолӣ аз расонаҳои ахбори ом” маълумоти заруриро дастрас намуда, чораҳои пешгирикунанда ва эҳтиётро ба роҳ мондаанд.

Эътироф карда нашудани мавҷудияти коронавирусро дар Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров ба ҳимояти духтурон аз мавқеъгирии президент Эмомалӣ Раҳмон бастагӣ медиҳад ва онро “муносибати ғайрикасбӣ” ва “шабкӯрӣ” меномад. Вай пешниҳод мекунад, ки ба зудтарин фурсат карантини сартосарӣ эълон ва барои ин ҳамаи имконият ва маблағҳо сафарбар карда шаванд.

Мақомти Тоҷикистон то ҳоло исрор меварзанд, ки вируси корона ба ин кишвар нарасидааст ва набояд аз гирифторони илтиҳоби шуш ва фавти онҳо, ки мисли солҳои пешина аст, ғавғо ва воҳима дуруст кард. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ Галина Перфилева низ аз ин изҳороти мақомоти давлатии Тоҷикистон пуштибонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG