118 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба ҳамаи кишварҳо тавсия доданд, ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии пас аз пандемияи Covid-19 ва фаъолияти варзишӣ ва ҷисмониро ба стратегияи миллии рушди устувор ворид кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар изҳороти муштарак оид ба таъсири Covid-19 ба рушди иҷтимоӣ, имзокунандагон саҳми арзандаи варзиш ва фаъолияти ҷисмониро дар пешбурди бисёр соҳаҳои муҳим, ба мисли маориф ҳамчун омили рушди устувор, сулҳ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, адолат, фарогирии иҷтимоӣ ва тандурустӣ баланд арзёбӣ карданд.
«Дар ин замони душвор, сарфи назар аз амалкардҳои фаврии мо, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ барои беҳбуди зиндагии мардум муҳиманд. Онҳо ба саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳии мо фоида мерасонанд ва барои бартараф кардани стресс ва изтироб кӯмак мекунанд”, - гуфта мешавад дар изҳорот.
Кишварҳои узви СММ мутмаинанд, ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии Токио-2020, инчунин ҳама чорабиниҳои варзишии ба таъхир афтода ҳангоми дубора баргузор шуданашон дар таърихи варзиш ҷойгоҳи хосе хоҳанд дошт.
“Ин чорабиниҳо пас аз пирӯзӣ бар пандемия ҳамчун рамзи ваҳдату якдилии инсонҳо хоҳанд монд. Мо ба талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати бо таъхир низ баргузор кардани чорабиниҳо баҳои баланд медиҳем", - таъкид шудааст дар изҳороти мазкур.
Қаблан Комиссияи Иттиҳоди Аврупо аз кишварҳои узви Иттиҳод даъват кард, ки маблағҳои иттиҳодро барои паст кардани оқибатҳои манфии пандемияи COVID-19 дар соҳаи варзиш истифода баранд.
Илова бар ин, вазирони варзиши 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо чанде пеш изҳорот қабул намуданд, ки дар он аҳамияти варзиш барои ҷомеа дар давраи бӯҳрони COVID-19 таъкид карда шудааст.