Боғи ҷонварон ва "Дарси имло"-и Хайруллои Амонулло дар Кӯлоб

Дар чаҳор соли кораш дар мақоми шаҳрдори Кӯлоб Хайруллои Амонулло дар ин шаҳр бо ҷалби соҳибкорон Боғи фарҳанг ва фароғатро бозсозӣ кард ва ба сокинон Боғи ҳайвонот ҳадя намуд.

Вале ба гуфтаи мунаққидонаш, ӯ аз зумраи раҳбароне буд, ки дар дастраси мардум қарор надошт ва мушкилоти зиёди ин шаҳрро ба шаҳрдори нав "мерос" гузошт. Бархе аз сокинони шаҳр мегӯянд, шояд ӯ имконият надошт, аз тамоми ҳокимияти як шаҳрдори комилҳуқуқ истифода кунад, зеро қисми зиёди корхонаҳои шаҳр ва майдончаҳои сохтмон ба афроди бонуфузи хонаводаи президент тааллуқ дошта, аз онҳо ба хазинаи шаҳр даромади кам ворид мегашт.

Дар фармони сабукдӯш шудани Хайруллои Амонулло сабаби ин тағйир "гузаштан ба кори дигар" унвон гаштааст, аммо алҳол маълум нест, ӯ ба кадом вазифа таъин шудааст.

Хайруллои Амонулло, соли 2015 баъди пирӯзии шаҳрдори пешин Абдуғаффор Раҳмонзода, бародари хурдии мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар интихоботи парлумонӣ, раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Амонулло дар чаҳор соли фаъолият бо фармонҳои аҷибу ғарибаш борҳо дар сархатти хабарҳо қарор гирифт.

Соли 2017 ӯ ба манзури боло бурдани сатҳи дониши кормандони мақомоти маҳаллӣ, барои онҳо "Дарси имлои забони тоҷикӣ" ҷорӣ намуд. Вай он замон гуфт, ин тадбир, "бино бар саводи ками бархе аз кормандони шаҳрдорӣ" рӯйи даст гирифтааст.

Ҷаноби Амонулло таъкид кард, ки вақте зердастонаш ба унвони шаҳрдорӣ мактуб менависанд, бинобар хато ва иштибоҳҳои имлоӣ,номаҳои онҳо чанд маротиба бозпас гардонида мешаванд: "Ҳоло ман худам қалами сурх дорам, мактубҳое, ки аз сӯи зердастон оварда мешавад, ислоҳ мекунам. Ҳолате шуд, ки чанд маротиб як мактубро гардонидам. Аз ин сабаб, ман дар шаҳрдорӣ "Дарси имло"-ро ҷорӣ кардам ва ҳар рӯз ба муддати 1,5 соат аз сӯи муовинонам гузаронида мешавад".

Роҳандозии ба манзури боло бурдани сатҳи саводу дониши кормандони мақомоти маҳаллӣ, таълими “Дарси имло” нахустин иқдоми шаҳрдори Кӯлоб дар соли 2016-17 буд, ки расонаӣ шуд ва аз суи аксарият интиқод шуд. Мунтақидони ҳамакнун раиси собиқ аз ӯ интиқод мекунанд, ки дар чаҳор соли фаъолият коре барои шаҳр накард.

Аҳмади Иброҳим, муассис ва сардабири ҳафтаномаи мустақили “Пайк” душанбеи 6-уми май дар суҳбат ба Радиои Озодӣ баъди берун шудан аз муаррифи раиси тоза таъин гуфт, ки Хайруллои Амонулло дар чор соли фаъолияти кориаш ҳамчун шаҳрдор як сиёсати пушидаро пеш гирифта буд, ки касе ба ӯ дастрасӣ надошт. Аҳмади Иброҳим гуфт, ки рӯзе набуд, ки сокинон ба дари утоқи кории ӯ омада, аз сиёсати дарҳои пушидаи шаҳрдорӣ интиқод накунанд. Ӯ мегӯяд, ки Хайруллои Амонулло на танҳо дарҳояш ба рӯи мардум пушида, балки ба матбуот ва баъзе кормандони худ боз набуд.

“Дар ҳамин чор соли кориаш ба касе дастрас набуд. Бо омаданаш сиёсати дарҳои пушидаро пеш гирифта ва касе ба ӯ дастрас набуд ва сокинон рӯзе набуд, ки аз ӯ интиқод накунанд. Бо мардум вохурӣ намегузаронид ва ин кор то ҳамин рӯ идома дошт. Аз ин пештар раисон фаъолият доштанд, ба мисли Абдуҷҷабор Зардиев, Ҳамид Абдулло ва бо мардум дастрасӣ доштанд, аммо ин мардуми оддӣ як тараф, кормандони худаш ва матбуоти даврӣ дастрасӣ надошт”,--гуфт мусоҳиби мо.

Аммо тарафдорони ками раиси собиқ мегӯяд, ки ӯ дар чаҳор соли кориаш дар шаҳр ободкориро роҳандозӣ кард, аммо мунтақидон мегӯяд, ки ба ҷои обод кардан даҳҳо макони кориро барҳам зада, чандин хонадонро аз як бурдаи нон маҳрум кардааст.

Шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад ва 200 ҳазор аҳолӣ дорад. Онҳое, ки бо коре ё эҳтиёҷе ба дари шаҳрдорӣ меоянд, шикоят мекунанд, ки масъулинро ё дар ҷойи кор намеёбанд, ё агар ёбанд ҳам, корашон ба осонӣ иҷро намешавад.

Дар Тоҷикистон вазифаҳои раисони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазирон интихобӣ нест ва танҳо бар асоси фармони президент таъин шуда, баъдан ин номзад дар маҷлисҳои маҳаллӣ тасдиқ мешаванд.