Анҷуман барҳам хӯрд. Додоҷони Атовулло лоиҳаро "номуваффақ" номид

Додоҷони Атовулло, журналист ва сиёсатмадори тоҷик

Журналист ва сиёсатмадори тоҷик Додоҷони Атовулло бо нашри як "баёнияи фаврӣ" хабар дод, ки аз 10-уми апрели соли 2020 Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ мекунад. Вай дар ин бора дар Фейсбук изҳорот дод.

Раҳбари ҳаракати мардумии "Ватандор" дар шарҳи сабаби қатъи фаъолияти созмон гуфтааст, "ин лоиҳаро номуваффақ ва нобарор" мешуморад. Ӯ дар идома гуфтааст, ин ташаккул дар ҳамкорӣ бо Умаралӣ Қувватов, муассиси "Гурӯҳи 24" ташкил шуда буд, ки марти соли 2015 дар Туркия кушта шуд.

Ташаббускорони ин созмон гуфтаанд, Анҷумани нирӯҳои созанда моҳи апрели соли 2015 дар заминаи созмони дар Тоҷикистон мамнуъ ва ғайриқонунии "Гурӯҳи 24", "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон" ва чанд гурӯҳи хурди дигар таъсис ёфта, 60-70 узв дорад ва аксари онҳо дар хориҷи Тоҷикистон ба сар мебаранд.

"Анҷуман барои ҳамаи онҳое, ки рафтанд ё омаданд, як мактаби сиёсие буд, ки ҳар кас барои худ, умедворам, сабақе бардошт, дарсе гирифт. Дарси худшиносӣ, озодманишӣ, ворастагӣ", - гуфтааст Додоҷони Атовулло.

Ӯ дар идома мегӯяд, фаъолияти баъдиаш "барои ривоҷ ва шукуфоии "Ватандор" равона мешавад", ки 13 сол пеш таъсис шуда буд. Додоҷони Атовулло таъкид кардааст, ки ҳадафи "Ватандор" "таъмиру такмили Тоҷикистон аст".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Анҷуман пароканда шуд. Атовуллоев ба Душанбе баргаштанист. САДО

Ин изҳорот дар ҳолест, ки 22-юми августи соли 2017 Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон дар бораи пароканда шудани ин ташаккули сиёсӣ хабар дода буд. Он замон дар шарҳи ин тасмим Шарофиддин Гадоев, яке аз муассисони Анҷумани нирӯҳои созандаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, эътироф мекунад, ки "дар давоми ду соли охир Анҷуман натавонист барномаву ҳадафҳои худро пиёда созад".

Додоҷони Атовулло, ки раҳбари ин анҷуман буд, ин изҳоротро “ногаҳонӣ” номид ва Шарофиддин Гадоевро ба "пуштибонӣ аз ҲНИТ” айбдор кард. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ он замон гуфта буд: ​“Ман бар он ҳастам, ки дар ин айём, дар ин замон, проекти исломӣ ҳамаро ба чоҳ мекашад. Зеро на минтақа, на ҷаҳон ва на мардуми Тоҷикистон ончуноне мо дидем, наҳзати исломии Тоҷикистонро қабул надоранд. Ман тасаввур мекунам, ки эътилоф бо ҲНИТ ба суди мардум ва кишвар нест. Ончунон, ки ман ҳис мекунам, ҲНИТ мехоҳад сарлашкари мухолифат ё эътилофи нав ҳамин ҳизб бошад, ҳизбе, ки ҳамаи шансҳоро ҳам дар дохил ва ҳам дар берун осон аз даст дод."

Гадоев он замон гуфт, ки ин интиқодҳо беасос аст.

Изҳори назарҳои Атовулло дар ҳоле буд, ки аз моҳи сентябри соли 2015 ҲНИТ дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст. Раҳбарияти ҳизб иттиҳомотро комилан беасос номида, фаъолияташро дар хориҷ аз Тоҷикистон ба роҳ монд.

Моҳи сентябри соли 2018 чанд созмон, аз ҷумла Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ зери чатри Паймони миллии Тоҷикистон ба ҳам омаданд. Октябри соли 2019 Додгоҳи Олии Тоҷикистон Паймони миллии Тоҷикистонро ҳам “мамнӯъ ва терористӣ” эълон кард, вале аъзои ин созмон ҳалномаи додгоҳро беасос хонда, рад карданд.

Додоҷони Атовулло, муассиси нашрияи “Чароғи рӯз”, наздики 30 сол аст, ки дар хориҷа ба сар мебарад. Моҳи декабри соли 2019 нашрияи "Тоҷикистон" бо такя ба як номаи Додситонии кул хабар дод, ки рӯзноманигор ва раиси ҷунбиши "Ватандор" Додоҷони Атовулло афв шудааст. Мақомот ин мухолифи ҳукуматро соли 2008 ба чанд ҷиноят муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд.

Худи ӯ гуфтааст, ҳеч гоҳ аз интиқоди ҳукумат даст намекашад ва ба фаъолияти сиёсиаш идома хоҳад дод.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!