Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додоҷони Атовулло: Ҳанӯз ба хулосае наомадам, ки биравам ё бимонам. ВИДЕО, САДО


Додоҷони Атовулло. Акс аз бойгонӣ
Додоҷони Атовулло. Акс аз бойгонӣ

Нашрияи "Тоҷикистон" рӯзи 17-уми декабр бо такя ба як номаи Додситонии кулли кишвар хабар дод, ки рӯзноманигор ва раиси ҷунбиши "Ватандор" Додоҷони Атовулло авф шудааст. Мақомот ин мухолифи ҳукуматро соли 2008 ба чанд ҷиноят муттаҳам карда, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дода буданд. Додситонии кул ҳанӯз қарори афви Додоҷони Атовуллоро расман шарҳ надодааст. Ӯ 27 сол боз дар берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Нашри хабари авфи ӯ дубора номи хабарнигор ва сиёсатмадори шинохтаро сари забонҳо овард ва дар баробари ин суолҳои зиёдеро халқ кард. Радиои Озодӣ ҷавоби чанде аз саволҳоро аз Додоҷони Атовулло пурсид.

Радиои Озодӣ: Хабари афв шуданро аз кӣ фаҳмидед ва онро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Додоҷони Атовулло: "Аввал ин ки хабар бароям ғайричашмдошт буд. Яке аз хабарнигорон аз Душанбе занг зад ва гуфт, дар бораи афви ман маълумот гирифтаанд. Бовар накардам. Баъди ним соат аз хона аз Панҷакент занг заданд. Онҳо гуфтанд, аллакай дар шаҳр овоза ҳаст, ки маро афв кардаанд ва ба истиқболам омодагӣ мегиранд."

Радиои Озодӣ: Ин ба чӣ маъност? Ба Тоҷикистон бармегардед?

Додоҷони Атовулло: "Орзуи бозгашт ба ватан орзуи ҳамешагии ман буду ҳаст ва мемонад, вале алъон ба хулосаи ниҳоӣ наомадаам. Якум инки ман танҳо нестам. Тиме дорем, ки аз ҳамроҳон иборат аст. Бояд назари онҳоро гирам. Баъди машварат бо онҳо мумкин аст бо як барномаи мушаххас ба ватан баргардам. Намехоҳам бозгашти маро ба Тоҷикистон мардум ба мисли таслим шудан ё хаста шудан аз мубориза пазиранд. Шаби гузашта хоб надоштам. Мардуми зиёд занг зада мепурсиданд. Ҳатто аз корпусҳои дипломатӣ. Барои ба хулосаи охирин омадан ҳанӯз омода нестам, ки меравам ё мемонам."

Мусоҳиба бо Додоҷони Атовулло дар бораи афв ва бозгашт ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:14:47 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, аз хабаре, ки шунидед хушҳол ҳастед?

Додоҷони Атовулло: "Баъзеҳо мегӯянд, ки агар хурсанд шудӣ, худатро гунаҳкор мепиндорӣ. Ҳамин амале, ки аз тарафи Додситонии Тоҷикистон сурат гирифт, албатта, бо машварат бо раҳбарияти Тоҷикистон, хуб аст. Вақте як кас ба тарафи ту даст дароз мекунад, бояд хеле носипос бошӣ, ки даст дароз накунӣ. Азбаски ҳунари саҳнасозиву дурӯягиро наомӯхтаам, рӯйирост мегӯям, ки ин хабар бароям шодиовар буд."

Радиои Озодӣ: Аз солҳои дарози муборизае, ки доштед, эҳсоси пушаймонӣ намекунед?

Додоҷони Атовулло: "Ҳеч гоҳ. Ҳарчи гуфтам ва ҳарчи кардам, ба хотири Тоҷикистон буд. Агар як бори дигар таваллуд мешудам, боз ҳам ба роҳе мерафтем, ки 30 сол пеш Додоҷон ба он қадам гузошта буд. Бале, дар ин роҳ ҳуҷум мекарданд, сӯиқасдҳо буд, зиндонӣ мекарданд, вале ҳамаи инро ҳамчун имтиҳоне дар роҳи ватану ватандорӣ мепазирам."

Видеои пурраи мусоҳибаро дар инҷо бинед:

Радиои Озодӣ: Баргардем ба ин суол, ки чаро афв ва барои кадом гуноҳ?

Додоҷони Атовулло: "Ман худамро гунаҳкор ҳисоб намекунам. Фақат ҳақиқатро мегуфтам. На автомат ва аслиҳаи дигаре надоштам. Ягона силоҳи ман қалами ман ва сухани ман буд, ки барои ватан сарф мекардам. Бояд гӯям, ин роҳ осон набуд. Ҳар тори мӯйи сафеди ман баёнгари рӯзҳои сиёҳест, ки ман гузарондам."

Радиои Озодӣ: Бо назардошти интиқодҳои Шумо аз раҳбарияти ҳизби ҳоло дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ, баъзеҳо тахмин мезананд, ки ба ҳукумат ба истилоҳ хидмат кардед ва ин афв мукофоти ҷавобӣ аст. Шумо чӣ мегӯед?

Додоҷони Атовулло: "Шумо дуруст мегӯед, ки баъзе одамон ва гуруҳҳо гумон мекарданд, ҳар он чизе ки ба зидди ҳизби наҳзат менавиштам, супоришӣ аст. Худо шоҳид, дар ягон вақт ва дар ягон лаҳза бо супориш навишта наметавонам. Агар касе навиштаҳои хоксоронаи маро хонда бошад, мефаҳмад, ки ин сатрҳо аз дил метаровад."

Радиои Озодӣ: Яъне, мегӯед сирф тасмими инфиродии Шумо буд?

Додоҷони Атовулло: "Комилан. Агар гуноҳ наёбанд, мегӯянд, думи сагат каҷ аст. Баъди имзои созишномаи сулҳ вақте ба Душанбе рафтам, аввалин мақоларо ба зидди наҳзат ман навишта будам. Дар ҳамонҷо чеҳраи мухолифонро нишон додам. Баъди он даҳҳо мақолаи дигар навиштам."

Радиои Озодӣ: Зоҳиран ин гумонзаниҳо бесабаб нест, чун Шумо дар ду соли ахир ба зидди мақомот чизе нанавиштед. Фикр мекунед, дигар ҳукумат камбуд надорад?

Додоҷони Атовулло: "Он қадар дар бораи ҳукумат гуфтаам, ки тамоми ҳизбҳои Тоҷикистон ва мухолифону сиёсатмадорон нагуфтаанд ва гуфта наметавонанд. Ҳарчи аз забони ба номи мухолифон садо медиҳад, такрори суханҳои ман ҳастанду бас."

Радиои Озодӣ: Яъне, Шумо то ҳанӯз мухолифи ҳукумат ҳастед?

Додоҷони Атовулло: "Ҳамеша дар мухолифат будаму ҳастам ва мемонам. Ягон ҳукумат наметавонад ҳукумати идеалӣ бошад. Ман ҳамеша ҳамроҳи қисми ками мардум ҳастам. Мардуме, ки ҷӯё ҳастанд ва зиндагии арзишманд дошта бошанд. Онҳое, ки гумон мекунанд, дар ин қазия як савдои сиёсӣ шуд ва ман таслим мешавам, хато мекунанд. Ман дар зиндагӣ ҳама чизро дидам ва бароям ягона муқаддасот ва сарват ҳамин ду калима аст: Додоҷони Атовулло. Ба ягон қимат ин номро иваз намекунам."

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон дар пешорӯи интихоботи порлумонӣ ва президентӣ аст. Дар бораи интихоботҳо дар кишвар чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Додоҷони Атовулло: "Гуфта будам ва боз мегӯям, ки дар Тоҷикистони имрӯза ягон интихоботи озод ва демократӣ сурат нагирифтааст. Ҳамаи интихоботҳо ва шиорҳо ва даъватҳо як намоишнома ҳастанду бас."

Радиои Озодӣ: Агар ба Тоҷикистон баргаштед, дар интихобот иштирок хоҳед кард?

Додоҷони Атовулло: "Ҳанӯз тасмими охиринро дар бораи бозгашт ба ватан нагирифтаам. Аз хабари афв ҳамагӣ ду рӯз гузашт. Дар тими мо бисёр шахсиятҳои арзандае ҳастанд, ки метавонанд ҳам дар интихоботҳои порлумонӣ ва ҳам президентӣ иштирок кунанд."

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар як паллаи тарозу ватан ва дар паллаи дигар санади паноҳандагии Олмон истодааст. Агар ба Тоҷикистон баргардед, паноҳандагиро аз даст хоҳед дод...

Додоҷони Атовулло: "Вақте тасмим гирифтам, ки ба Тоҷикистон баргардам, аз ҳама чиз даст мекашам. Тамоми сарвату давлати Олмон ва ҳар кишвари дигар баробари як нони хушк ва пиёла оби Тоҷикистон лаззат надорад. Ман дар Аврупо худро ҳамчун дар зиндони аврупоӣ эҳсос мекунам. Марг дар хонаи худ яке аз орзуҳои ман аст."

Радиои Озодӣ: Агар ҳукумат пешниҳод кунад, ба ҳайати он шомил мешавед?

Додоҷони Атовулло: "Ҳеч гоҳ. Дар замони Қаҳҳор Маҳкамов ва Раҳмон Набиев чунин даъватҳо шуда буд, вале ман напазируфтам. Бо суханҳои нависанда Темур Зулфиқоров ҷавоб медиҳам. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки дар бораи Додоҷон Атовуллоев чӣ назар доред, гуфт, "агар ӯ ба ҷаннат ҳам равад, исён барпо мекунад."

Радиои Озодӣ: Дар ҳар сурат, баъзе аз мухолифон дар хориҷа афви Шумо ва иддае дигарро нақшаи пешазинтихоботии ҳукумат медонанд, ки мехоҳад ба ин васила обрӯ гирад...

Додоҷони Атовулло: "Медонед, қадри назар ва қадри гуфтори ҳар инсон баробари дунё ва дониши он кас аст. Ман тамоман соддалавҳ нестам. Медонам, ки бозгашти ман ба манфиати ҳукумат аст, вале бар он астам, ки мо бояд ҳатман дар Тоҷикистон бошем. Мубориза берун аз ватан суд надорад. Бовар дорам, агар насиб бошаду ба ватан баргардам, фоидаи ман ба мардум ва ба бедории мардум бештар мерасад."

Радиои Озодӣ: Намехоҳед нашрияе таъсис дода, ба мавқеи 27 соли пеши худ баргардед?

Додоҷони Атовулло: "Ҳам рӯзнома, ҳам телевизион ва ҳатман ширкати ҳаракати мардумии "Ватандор" дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон. Ба дигар пешниҳодҳо ҳеч вақт розӣ нахоҳам шуд."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, дар кишвар метавонед озод бошед ва ҳукумат омодааст, танқидҳои Шуморо бипазирад?

Додоҷони Атовулло: "Озодӣ ҷонббозӣ ва қурбонӣ мехоҳад. Одаме, ки озодӣ барояш муқаддас аст, озодӣ оинномаи зиндагиаш аст ва як бор аз чашмаи озодӣ об нӯшидааст, ин обу чашмаро ба ягон сарвату давлати дунё иваз нахоҳад кард."

Радиои Озодӣ: Айни замон ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик омода нестанд, ки аз хориҷа ба кишвар баргарданд, чун мегӯянд шароити хуб нест...

Додоҷони Атовулло: "Ба назари ман, яке аз мушкилҳои асосии Тоҷикистони имрӯз тарбияи насли наврас ва масъалаи мактабу маориф аст. Вақте бо баъзе ҳамватанҳо вомехӯрам, воқеан, шаромавар аст. Ин гуноҳи ҷавонон нест, ки муҳоҷир мешаванд ва дониши казоӣ надоранд. Ин гуноҳи ҷавонон нест, ки орзуи онҳо хонарӯбу кӯчарӯб шудан дар Русия аст. Ин гуноҳи тамоми ҷомеаи мо ва пеш аз ҳама ҳукумати Тоҷикистон аст. Дар дохил будан ва ин паёмҳоро ба мардум расондан яке аз вазифаҳои муҳим аст. Бале, шаҳрҳоро метавон сохт. Аксҳои Душанберо мемонам ба мисли Дубай аст, аммо ҳамаи он маъно надорад, агар шаҳрванди он кишвар озодаву ороста ва сарафроз набошад, аз кишвар худаш ифтихор накунад."

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ҳукумат ба ислоҳот омода аст, ё не?

Додоҷони Атовулло: "Ин аз рӯшанфикрону зиёиён ва рӯзноманигорон вобаста аст. Ягон кас дар ягон кишвар озодиро ҳадя намекунад. Набояд ҳеч вақт ноумед шуд. Барои мисол, вақте нархи интернетро гарон карданд, мардум бедор шуданд, дар паҳлӯи ҳам истоданд ва ҳукумат аз раъяш гашт. Чаро ман оппозитсияро танқид мекунам. Мардум дар муқоиса байни ҳукумат ва ин мухолифон ҳукуматро интихоб мекунанд. Мушкил ин аст. Кӣ метавонад дар сафи мухолифон даҳ одамро номбар кунад, ки номашро дар минтақа ва кишварҳои дигар донанд. Дар хонаҳои мардуми Тоҷикистон донанд."

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки бисёриҳо аз камбуди ҳукумат мегӯянд, Шумо ҳамвора мухолифонро танқид мекунед, чаро?

Додоҷони Атовулло: "Ман ҳарчи дар бораи ҳукумат медонистам, гуфтам. Бале, як муддат сукут карда будам. Аз дур менигаристам, ин роҳе, ки мо қарор дорем, ба куҷо мебарад: ба манзили мурод ё нокуҷообод. Мухолиф будан ин норозӣ будан нест. Мухолиф будан бояд донӣ, ки аз ҳарифи худ як сару гардан боло бошӣ."

Радиои Озодӣ: Пас, ҳарфи Шумо нисбат ба ҳукумат ба поён расидааст ва чизе барои гуфтан намондааст?

Додоҷони Атовулло: "Тамоман не. Ҳар камбуде, ки аз ҷониби ҳукумат мешавад, мегӯям. Ҳамчунин аз камбуди мухолифон."

XS
SM
MD
LG