Абдуқодири Рустам бо нишонаҳои илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст

Абдуқодири Рустам

Абдуқодири Рустам, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, ки дар бемористони "Ибни Сино" кор мекунад, бо нишонаҳои бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст. Худи ӯ гуфт, дар хона табобат мегирад.

Масъулони "Ибни Сино" рӯзи 30-юми апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар қатори Абдуқодири Рустам чанд корманди дигари бемористон гирифтори илтиҳоби шуш ё пневмония шудаанд.

Раиси ҳайати мудирони бемористони "Ибни Сино" Абдулхалил Холиқзода ибрози умед кард, ки онҳо ба зудӣ сиҳат шуда, ба кор бармегарданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони бемористони "Ибни Сино" хабар додаанд, ки ин шифохонаро барои қабули беморони уфунӣ омода месозанд. Онҳо гуфтанд, ният доранд то аввали ҳафтаи оянда ҳамаи омодагиҳоро барои қабули беморони уфунӣ ба итмом расонанд ва агар Вазорати тандурустӣ лозим донад, ба қабули беморон оғоз намоянд.

Раиси ҳайати мудирони бемористони "Ибни Сино" гуфт, дар ҳоли ҳозир бемористон бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба фаъолияти худ идома медиҳад.

Аз охири моҳи март то ин дам садҳо нафар бо нишонаҳои илтиҳоби шуш дар бемористонҳои кишвар бистарӣ карда шудаанд. Мақомот гуфтанд, бархе аз онҳо шифо ёфта, ба хонаҳояшон рафтанд, вале вале баъзеи дигар дар шуъбаи эҳё ҳастанд. Шуморе ҷон бохтанад.

Бо ин ҳол омори беморони илтиҳоби шуш ва фавтидагон аз он дар моҳи апрел дастрас нест. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар се моли аввали соли ҷорӣ (январ, феврал ва март) 5023 кас илтиҳоби шуш шудаанд, ки дар муқоиса ба ин давраи соли гузашта камтар аст. Бархе аз сокинон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омори мақомот ва маълумоти онҳоро зери шубҳа гузоштанд.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки то ин дам вуҷуди коронавирусро дар кишвар рад мекард, рӯзи 30-юми апрел аз сироят шудани 15 нафар хабар дод.