Абдуфаттоҳ Ҳотамов, кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ", ки бештар ба таълими илмҳои дақиқ машғул аст, дар 69-солагӣ даргузашт. Пайвандонаш гуфтанд, маросими видоъ бо ӯ 27-уми апрел дар деҳаи Чамани ноҳияи Ваҳдат баргузор мешавад.
Юсуф Ҳотамов, писари Абдуфаттоҳ Ҳотамов, ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш шоми 26-уми апрел дар Душанбе аз сактаи қалбӣ (инфаркт) фавтид.
"Падарам аз ин пеш ду дафъа сактаи қалбиро пас сар карда буданд. Имрӯз низ дилашон сахт дард кард, Ёрии таъҷилиро даъват намудем, аммо дер шуд, кумак карда натавонистанд", - гуфт ӯ.
Абдуфаттоҳ Ҳотамов Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Душанбе ва ҳамчунин Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимон кор кардааст.
Дар оғози солҳои 2000-ум мудири Маркази таълимии ҷамъиятӣ буд. Соли 2003 мактаби хусусии "Ҳотам ПВ"-ро таъсис дод, ки ҳоло ба як маркази муҳими омӯзиши илмҳои дақиқ дар кишвар табдил ёфтааст.
То ин дам даҳҳо шогирдони мактаби хусусии "Ҳотам ПВ" дар олимпиадаҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои аввал шудаанд. Бархе аз хатмкардагони литсей дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мекунанд ва як нафар аз шогирдонаш ба ширкати Google ба кор пазируфта шудааст. Баъзеи дигар дар хориҷа машғули таҳқиқанд.
Абдуфаттоҳ Ҳотамов соли гузашта дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз 18 дарсад боло рафтани андоз аз арзиши иловашуда барои ҳаққи таҳсил нигаронӣ карда буд. Ӯ гуфта буд, дар Тоҷикистон андешае шакл гирифтааст, ки гӯё мактабҳои хусусӣ даромади ҳангуфте доранд, "вале ин комилан дурӯғ аст".
"Ҳама пули таҳсилро ҳисоб мекунанд. Аммо намепурсанд, ки мактаби хусусӣ мизу курсӣ, тахтаи синф, китобу журнал ва маводи лабораториро аз куҷо дастрас мекунад? Ҳамаи ин хароҷот дорад ва маблағе, ки волидон медиҳанд, тақрибан харҷи ҳамин мешавад. Литсей танҳо дар як сол барои харидани китоб як миллион сомонӣ сарф мекунад", - афзуд ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад