Раисҷумҳури Афғонистон, Ашраф Ғанӣ ва рақиби ӯ Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба созише наздик омадаанд, ки метавонад, ба кашокаши якмоҳаи миёни онҳоро, ки ба музокироти сулҳ бо Толибон ва мубориза бо буҳрони ҳамагири COVID-19 монеъ гаштааст, хотима гузорад.
Рӯзи 1 май Абдуллоҳ дар як силсила паёмҳои твиттерии худ гуфт, ки дар гуфтушунид бо Ғанӣ барои хотима бахшидан ба буҳрони сиёсӣ пешрафт ҳосил карда ва “рӯйи як қатор усули ҳалли эҳтимолии мушкил ба мувофиқа расидааст”.
Вай ҷузъиёти созишномаро пешниҳод накардааст. Абдуллоҳ, ки қаблан бар пояи қарордоде бо миёнҷигарии ИМА дар давлати Ғанӣ раиси иҷроияи ҳукумат буд, аз қабули натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи сентябри соли гузашта сарпечӣ кард. Гуфта мешавад ин интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд ва ширкати нокифояи ройдиҳандагон ҷараён ёфтааст. Аммо Ғанӣ онро қонунӣ шумурд.
Пас аз таъхири зиёд комиссияи интихоботии Афғонистон моҳи декабр эълон кард, ки Ғанӣ дар интихобот баранда шудааст ва чизе бештар аз 50 дарсад овоз гирифтааст, ки зарурати даври дувумро аз байн мебарад. Ин ниҳод гуфтааст, ки 39 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Абдуллоҳ рой додаанд. Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро эътироф накард ва худро президент эълон намуд, дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пирӯзии Ғаниро пазируфт. Ду тараф, ҳар кадом ба ташкили ҳукмуати худ оғоз карданд.
Бӯҳрони сиёсӣ мавқеи Кобулро дар ростои гуфтушуниди дохилӣ суст кард, дар ҳоле ки Иёлоти Муттаҳида дар моҳи феврал бо Толибон шартномаи сулҳро ба имзо расонд.