Зодаи Файзободро, ки дар суқути ҳавопаймо ҷон бохт, ба хок месупоранд

Зиннатулло Саъдуллоев, тоҷике, ки дар садамаи ҳавопаймои Озарбойҷон ҳалок шуда буд, имрӯз, 2-юми январ дар зодгоҳаш ноҳияи Файзобод ба хок супорида мешавад.

Яке аз дӯстони марҳум ба Радиои Озодӣ гуфт, маросими видоъ соати 10 дар маркази ноҳияи Файзобод баргузор мешавад.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, ҷасади Зиннатулло Саъдуллоевро рӯзи гузашта ба Душанбе оварданд. Саъдуллоев 29 сол дошт ва соҳиби як фарзанд буд. Ҳамсараш мунтазири фарзанди дуюм буд.

Ба гуфтаи наздиконаш Зиннатулло Саъдуллоев аз соли 2020 шаҳрвандии Русияро дошт ва дар Русия таксӣ меронд ва дар ошхонае кор мекард.

Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines", ки рӯзи 25-уми декабр аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар ҷануби Қазоқистон суқут кард. Мақомот гуфтанд, аз 67 мусофир ва сарнишин 38 кас ҷон бохт.

Ба ҷуз Зиннатулло Саъдуллоев дар ин ҳавопаймо як зодаи дигари Тоҷикистон Субҳонқул Раҳимов ҳам буд. Ӯ аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурд.