Зиндониёни тоҷик мегӯянд, “русҳо ҷонро ба лабамон овардаанд”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар зиндонҳои Русия ҷалби маҳсубон ба ҷанги Украина идома дорад. Як маҳбуси тоҷик гуфтааст, ки фақат 7 моҳи дигар бояд дар маҳбас бимонад. Аммо бо наздик шудани рӯзи озодиаш зиндонбонҳо аз ӯ талаб доранд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашад ва бо Вазорати дифои Русия қарордоди хидмат имзо кунад.