Зеленский гуфт, Ғарб фиристодани нерӯро ба Украина баррасӣ мекунад

Раҳбарони Фаронса, Бритониё ва Украина

Раҳбарони Фаронса, Бритониё ва Украина

Раҳбарони бахши низомӣ дар Ғарб эҳтимоли фиристодан ва ҷо ба ҷо кардани нерӯҳоро дар Украина баррасӣ хоҳанд кард. Мулоқот рӯзи чоруми апрел дар назар аст.

Президенти Украина Владимир Зеленский шоми 1-уми апрел дар паёми видеоӣ гуфт, ин нерӯҳо оташбаси эҳтимолиро назорат карда, бахше аз сохтори нави амниятии ин кишвар хоҳанд буд.

“Артиши Украина бояд ба қадри кофӣ нерӯманд бошад ва дар ин замина тамоми сохтори амниятӣ бунёд мешавад,” – афзуд ӯ.

Зеленский рӯзи якуми апрел бо вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербок дар Киев мулоқот кард ва гуфт, ки “доираи маҳдуди кишварҳо” омодаанд, ба Украина нерӯ фиристанд.

Раҳбари Украина дар нишасти матбуотии муштарак бо Бербок изҳор дошт, ки ӯ мунтазири “посухи мушаххастар” аз ҷониби кишварҳои ҳампаймон аст.

То кунун Фаронса ва Бритониё омодагии худро барои ирсоли нерӯҳо бо ҳадафи назорат аз оташбаси эҳтимолӣ дар Украина изҳор доштаанд. Русия ба ҳама гуна ирсоли нерӯи хориҷӣ ба Украина шадидан мухолиф аст.

Владимир Зеленский ҳамчунин гуфт, Украина “тамоми маълумоти заруриро дар бораи қонуншиканиҳои Русия дар бахши энержӣ” бо шарикони амрикоии худ дар миён гузоштааст.

Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вай, нерӯҳои Русия рӯзи 1-уми апрел ба Херсон зарба зада, бо ҳавопаймои бесарнишин як иншооти энергетикиро ҳадаф қарор доданд. Як қисми шаҳр бе барқ мондааст.