Раисҷумҳури Украина гуфт, ки хадамоти истихборотии кишвараш ӯро дар бораи он чи "ширкати муассири Куриёи Шимолӣ дар ҷанги Русия дар Украина" номид, хабардор кардааст.
Владимир Зеленский дар паёме шаби 14-уми октябр дар ин бора суҳбат кард, аммо ҷузъиёт надод.
Вай рӯзи 13-уми октябр иддао кард, ки Кореяи Шимолӣ ба Русия сарбозу аслиҳа фиристодааст. Ин гузоришҳоро мустақилона тасдиқ кардан имкон надорад.
Президенти Украина дар паёми виидеоии худ гуфт, "сухан акнун танҳо дар бораи интиқоли силоҳ нест, гап дар бораи фиристодани одамон аз Куриёи Шимолӣ ба сафи нерӯҳои ишғолгар меравад".
Зеленский барои исботи гуфтаҳояш далел наовард.
Пас аз тақрибан 32 моҳи таҷовузи Русия ба хоки Украина, гумонзаниҳо дар мавриди нақши Куриёи Шимолӣ дар ин ҷанг ва нишонаҳои зичтар шудани муносибатҳои байни Маскаву Пхенян ва Куриёи Шимоливу Эрон бештар шудааст.