Зеленский аз шароити ҷанг дар Курски Русия гуфт

Артиши Украина ба самти низомиёни рус мушак меандозад.

Владимир Зеленский, президенти Украина гуфт, ки нерӯҳои кишвараш ҳанӯз ҳудудеро дар вилояти Курски Русия дар даст доранд.

Русия рӯзи 10-уми октябр ба мавқеи низомиёни Украина дар Курск ҳуҷум кард, вале ба гуфтаи Зеленский, рахнае ба мавқеи низомиёни украинӣ ворид нашудааст.

Аввали моҳи августи имсол Украина дар ҳамлаи ғофилгиронае вориди хоки Русия шуд ва ҳудудеро дар вилояти Курск таҳти назорат даровард.

Владимир Зеленский, ки ба тозагӣ аз сафари Аврупо баргашт, пас аз шунидани ҳисоботи фармондеҳон гуфт, низомиёни кишвараш далерона муқобилият мекунанд ва ҳудуди муайянеро, ки дар Курск ба даст оварда буданд, нигаҳ медоранд.

Рӯзи 10-уми октябр бархе блогерони низомии рус аз пешравии артиши Русия дар Курск хабар дода буданд.

Мақомоти Русия гуфтанд, ки чанд деҳаро аз низомиёни Украина пас гирифтаанд.

Ҷанги Русия алайҳи Украина моҳи феврали соли 2022 оғоз шуд ва ҳанӯз идома дорад. Ҳазорон нафар дар ин ҷанг кушта ва миллионҳо нафар овора шуданд.