Президенти Украина бо такя ба маълумоти истихборотии кишвараш эълон кард, ки 11 ҳазор сарбози Кореяи Шимолӣ дар минтақаи Курски Русия ҳастанд. Владимир Зеленский 4-уми ноябр изҳори таассуф кард, ки муттаҳидони ғарбии Киев дар ин бора вокуниши ҷиддитар накарданд.
“Мо дида истодаем, ки шумораи сарбозони Кореяи Шимолӣ бештар мешавад, аммо аз сӯи шарикони ғарбии мо вокуниши лозим нест. Мутаассифона,”-гуфт Зеленский.
Ба ҳисоби Сарраёсати истихбороти Вазорати дифои Украина, Кореяи Шимолӣ то ин дам ба Русия 12 ҳазор сарбоз фиристодааст, ки 500 нафарашон афсарон ҳастанд.
Вазорати дифои Амрико ё Пентагон, шумораи сарбозони Кореяи Шимолиро дар минтақаи Курски Русия 10 ҳазор гуфтааст.