Зарбаи Исроил ба маркази Бейрут. Эрон ваъдаи посухи сахттар дод

Бейрут, 3-юми октябри соли 2024

Дар зарбаи Исроил ба маркази Бейрут, пойтахти Лубнон, ки Телавив онро "амалиёти дақиқ" номид, камаш шаш кас кушта шудааст. Ҳамла шаби 2 ба 3-юми октябр ва як рӯз баъди он сурат гирифт, ки Исроил аз марги ҳашт сарбозаш дар ҳамлаи заминӣ ба ҷануби Лубнон хабар дод.

Як манбаи амниятӣ гуфтааст, нерӯҳои Исроил як бинои истиқоматиро дар пойтахти Лубнон ва наздик ба порлумони ин кишвар нишон гирифтанд.

Вазорати тандурустии Лубнон гуфт, теъдоди кушташудаҳо дар ин ҳамла ба 6 нафар расид. Ҳафт каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти амниятии Лубнон ҳамчунин хабар доданд, ки як ҳамла дар Зоҳия сурат гирифт. Ҷое, ки ҳафтаи гузашта бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ раҳбари "Ҳизбуллоҳ" Ҳасан Насруллоҳ бо чанде аз ёронаш кушта шуд.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ", ки Эрон аз он пуштибонӣ мекунад, ҳам созмони ҷангҷӯст ва ҳам ҳизби сиёсӣ. Иёлоти Муттаҳида онро гурӯҳи террористӣ эътироф карда, Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ ворид намудааст. "Ҳизбуллоҳ" дар порлумони Лубнон чанд намоянда дорад.

Зарбаҳои Исроил ба шаҳри Димишқ, маркази Сурия, низ чор кушта барҷой гузоштааст. Яке аз кушташудаҳо Ҳасан Ҷаъфар Қасир, домоди Ҳасан Насруллоҳ, аст. Дар ин бора Гурӯҳи нозир бар вазъи ҳуқуқи башар дар Сурия (қароргоҳаш дар Бритониё) хабар дод.

Ҳамлаҳои Исроил ба Бейрут дар ҳоле сурат гирифтанд, ки низомиёни Эрон таҳдид карда буданд, Телавив ба мушакборони Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи 1-уми октябр посух надиҳад, вагарна ҳамлаҳои густурдатар дар роҳ аст. Исроил аз соли 2006 ба ин тараф ба маркази Бейрут ҳуҷум накарда буд.

Генерал Муҳаммад Боқирӣ, сардори Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, рӯзи 2-юми октябр гуфт, ҳамлаи мушакии Теҳрон фақат бо ҳадафҳои низомӣ маҳдуд буд. Ӯ гуфт, "агар режими саҳюнистӣ назорат нашавад ва алайҳи Эрон иқдоме бикунад, ҳамаи зерсохтҳояшро нишон хоҳем гирифт."

Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон, низ Исроилро аз интиқом ва вокуниши шадид ҳушдор дод. Вай баъди ворид шудан ба Қатар барои нишасти сарони кишварҳои осиёӣ гуфт, "мо дар пайи ҷанг нестем. Маҳз Исроил аст, ки моро маҷбур мекунад, ки вокуниш нишон диҳем."

Пизишкиён Исроилро дар пайванд ба куштори Исмоил Ҳания, раҳбари "Ҳамос", дар моҳи июл дар Теҳрон низ накӯҳиш кард. Исроил масъулияти онро на ба уҳда гирифтааст ва на инкор мекунад. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи фаластинии "Ҳамос"-ро созмони террористӣ медонанд.

Теҳрон рӯзи 1-уми октябр дар посух ба амалиёти Исроил дар ҷануби Лубнон алайҳи гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ" ба Исроил ҳамлаи густурдаи мушакӣ анҷом дод. Нерӯҳои дифои ҳавоии Исроил аксари тахминан 180 мушаки партобшударо раҳгирӣ карданд. Баъзе аз онҳо дар марказ ва ҷануби Исроил афтодаанд.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, гуфт, ба Эрон зарбаи ҷавобӣ хоҳад дод. Вай чанд соат пас аз ҳамла гуфт: "Эрон имшаб иштибоҳи бузург кард ва баҳояшро хоҳад пардохт." Дэнни Данон, сафири Исроил дар Созмони Милал, рӯзи 2-юми октябр ба CNN гуфт, ки вокуниш ба ҳамлаи Эрон "бисёр қавӣ ва ранҷовар" хоҳад буд.

Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 2-юми октябр гуфт, аз ҳамлаи эҳтимолии Исроил ба таъсисоти ҳастаии Эрон ҳимоят нахоҳад кард. Байден, ки барои ширкат дар нишасти раҳбарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатии ҷаҳон (G7) мерафт, гуфт, Исроил бояд мутаносиб амал кунад.

Дар баёнияи Кохи Сафед омадааст, раҳбарони G7 ҳамлаи Эронро ба Исроил “ба таври возеҳ маҳкум карданд” ва Байден бори дигар “ҳамраъйӣ ва пуштибонии комилро аз Исроил ва мардуми он” таъкид кард.