Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2017 рӯйхати 334 кору ихтисоси "мамнуъ"-ро барои занон таҳия ва тасдиқ карда буд. Чунин феҳраст дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ гуфтаанд, ин ба маънои зери по кардани ҳуқуқи занон аст ва аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, феҳрастро бекор кунад. Моҳи декабри соли 2023 дар Тоҷикистон феҳрастро ислоҳ ва 140 корро аз он берун карданд, аммо аз байн набурданд. 194 кори ба истилоҳ мамнуъ монд.
Анвое аз корҳои кишоварзӣ ё баъзе аз корҳо дар замин ҳам аз ҷумлаи корҳои мамнуъ барои занон буд. Аммо худатон ҳам мебинед, ки зиндагӣ занонро водор мекунад тамоми навъи корро кунанд. Махсусан бисёре аз корҳои вазнинро дар замин дар кишвар занон бар дӯш доранд. Мисли гурӯҳе аз занон дар Хатлон, ки дар як тим ҷамъ омада, бо кор дар замини мардум рӯзгори худро пеш мебаранд.
Кори ин гурӯҳи занони кишоварзро Хайрӣ Гулматова назорат ва раҳбарӣ мекунад. Ӯ сокини деҳаи Саргазони Данғара аст ва бо ҳадафи соҳиби кору даромад кардани занони деҳ тасмим гирифт, онҳоро дар гурӯҳе ҷамъ биорад. Занон аз хоҷагиҳои деҳқониву корфармоёни дигар супориш мегиранд ва аз ин роҳ барои пешбурди рӯзгорашон пул кор мекунанд. Кор дар киштзорро онҳо на сахт, балки муфид мешуморанд.
“Ду рӯз аст, меоем барои тарбузшинонӣ бо апаи Хайрӣ. Шукр. Барои саломатиямон, барои зиндагиямон хуб аст,” – гуфт яке аз занони кишоварз.
Фасли баҳор, ки ҳаво дар Тоҷикистон зиёд наметасфад, кор барои занон назар ба тобистони гарму тоқатфарсо андаке сабук аст. Дар деҳот, ки кор кам аст, барои занон фақат кори сахти киштзор мемонад.
Хайрӣ Гулматова, раҳбари гурӯҳи занони кишоварз дар Хатлон гуфт: “Баъзе занҳое ҳастанд, ки дар зиндагӣ азоб кашидаанд, шавҳари баъзеашон ба Русия мераванду меоянд. Мунтазири пул нашавем, гуфтанд. Пул пайдо кардан мушкил буд. Барои ҳамин, занҳоро ҷамъ кардам, ба саҳро овардам ва ҳамин корҳоро сар кардем.”
Занон як рӯз агар дар замине дар Данғара тарбуз кишт кунанд, рӯзи баъд дар ноҳияи дигар каланд мезананду ниҳол мешинонанд. Аз ҳеч кор ҳазар намекунанд ва аз субҳ то шом заҳмат мекашанд. Муҳим барояшон он аст, ки бекор намонанд ва музди корро бигиранд.
Заминдор пули роҳу мошинашонро мепардозад, хӯроки нисфирӯзиашонро ҳам омода мекунаду сари замин меорад. Онҳо мегӯянд, ки дигар аз ҳеч кор наметарсанд. "Ёд гирифтем, ба кор одат кардем, кор карда, кор карда, ёд гирифтем. Мешавад, шукронаи Худо," -- гуфт Хайрӣ Гулматова.
Корфармоён ё соҳибони замину хоҷагиҳо ҳам аз коре, ки ин дастаи бонувон анҷом медиҳанд, қонеъ ва хурсанданд. Эътироф мекунанд, ки самараи корашон беҳтар аз кори мардон аст.
Корфармо Маҳмадулло Ҷумъахонзода мегӯяд, “корашон хуб аст, саривақт меоянд, палакҳоямонро саривақт мешинонанд, маошҳояшонро саривақт медиҳем. Занҳо назар ба мардҳо беҳтар кор мекунанд.”
Бештар аз 54 дар сади онҳое, ки дар киштзору саҳро дар Тоҷикистон кор мекунанд, занон ҳастанд. Бо афзоиши муҳоҷирати корӣ ва рафтани мардон ба Русия, занон барои таъмини хонаводаву фарзандон омодаанд ҳар кори сахту заҳматталабро анҷом диҳанд.
Ба бовари мақомот, иҷрои 194 кор аз ҷумла, кашидани бори вазнин ва истихроҷи маъдан ба сиҳатии занон зарар доранд ва бинобар ин манъ карда шудаанд. Акобир Қурбонов, як масъули Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳи корие баъди таҳқиқ чунин хулоса дод.
Аммо Кумитаи маҳви табъиз ва хушунат ба зидди занони СММ дар гузориши охири худ ин маҳдудиятро табъиз алайҳи занон номид. Ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додаанд, ки бо фароҳам кардани шароити бехатари кор барои занон бигзорад, то корҳои хостаашонро бикунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Манъи 194 кор барои занони тоҷик. Чаро СММ норозӣ аст? ВИДЕО