Вакилони дифои соҳибкори шинохта Зайд Саидов номаи шикоятии худро дар нисбати додрас Шавкат Абдулхайров ба Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ ва ба парлумони кишвар ирсол доштанд.
Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 3-юми январ ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз аризаи худро дар мавриди ба гуфтаи ӯ, қонуншикании Шавкат Абдулхайров -- додрасии Додгоҳи олӣ ва раиси мурофиаи Зайд Саидов, ба Додситонии кулл, Додгоҳи олӣ ва ба парлумони кишвар пешниҳод карданд.
Ба гуфтаи вакили дифои Зайд Саидов, «тибқи моддаи 350-и Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, додрас муваззаф аст, ки пас аз 5 рӯзи содир шудани ҳукм, ҳалномаи додгоҳро ба шахси маҳкум ва вакилони мудофеи он супорад, вале аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов то кунун мо ҳукмро нагирифтаем, чунки судя Абдулхайров талаб дорад, ки қабл аз гирифтани ҳукм, мо вакилон забонхат нависем, ки ҳукмро ифшо накунем, ки ин нодуруст аст.»
Ба қавли Исҳоқ Табаров, додрас дар ҷараёни тафтишоти парванда тибқи моддаи 177 Кодекси мурофиаи ҷиноӣ ҳақ дорад, ки аз махфӣ будани парванда ва барои ифшо накардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот вакилони мудофеъро огоҳ созад ва баёнот гирад, аммо пас аз содир шудани ҳукм, дигар ҳеҷ кас ҳамчунин ҳақро надорад. Ӯ афзуд, ҳоло мехоҳанд, ки Додситонии кулл, масъулони Додгоҳи олӣ ва қонунугузорони парлумон ба ин рафтори додраси Додгоҳи олӣ баҳо диҳанд.»
Ҷаноби Табаров афзуд, феълан ҳукми додгоҳ танҳо ба маҳкумшуда Зайд Саидов дастрас карда шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр, баъди севуни моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе аз 12-уми сентябр идома дошт, соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Вакилони дифои Зайд Саидов субҳи 30 декабр шикояташон аз ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба ин соҳибкори шинохтаро супурда буданд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз 3 вакили Зайд Саидов рӯзи 30 -юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин танҳо шикояти пешакист, чунки онҳо то ҳол нусхаи ҳукми қозии парванда Шавкат Абулхайровро дастрас накардаанд ва мушаххасан намедонанд, ки муваккили онҳо рӯзи 25 декабр бар пояи кадом далоиле ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 29-уми декабр гуфта буд, баробари ба дасташон расидани нусхаи ҳукм вакилони Саидов ба унвони Додгоҳи олӣ шикояти пурра хоҳанд бурд: “Мо намедонем, ки додгоҳ ҳукмашро бо чӣ асоснок кардааст. Вақте дидему омӯхтем, баъд дар шикояти пурра он ҳама асосҳои додгоҳро рад мекунам, чунки ба бегуноҳии зерҳимояамон бовар дорем.”
Вакили мудофеъ гуфт, баъди эълони ҳукмаш ҳар рӯз бо Зайд Саидов мулоқот мекунанд ва ӯ ҳамчунон ба бегуноҳии худ исрор варзида, ҳукмаш ва он ҳам 26 соли зиндонашро комилан беасос мешуморад: “Ӯ худро дар ягон ҷиноят гунаҳкор намеҳисобад. Ҳукмро ғайриодилона ва ғайриқонунӣ мешуморад.”
Аммо оё Зайд Саидов ва вакилонаш то куҷо бовар доранд, ки дар марҳалаҳои баъдии додгоҳӣ ба адолат даст хоҳанд ёфт? Шӯҳрат Қудратов дар посухи ин суол гуфт: “Мо дар ҳамин зинаи аввал низ исбот кардем, ки Зайд Саидов дар ин ҷиноятҳое, ки алайҳаш эълон кардаанд, даст надорад. Лекин бо ин вуҷуд, азбаски парвандаи Саидов парвандаи сиёсӣ аст ва додгоҳ супоришро иҷро кард, ӯро гунаҳкор эълон карданд. Парванда ки сиёсӣ ва супоришӣ шуд, албатта, ягон ниҳод Зайд Саидовро сафед намекунад. Лекин мо кӯшиш мекунем. Кӯшиш мекунем, то дар ҳар зинаи додгоҳ бегуноҳии Зайд Шеровичро исбот кунем ва дар чашми ҷомиа нишон диҳем, ки додгоҳ мустақил нест ва супоришро иҷро мекунад.“
Вакили Зайд Саидов гуфт, азбаски Тоҷикистон узви ягон додгоҳи байналмилалӣ нест, имкони қонунии шикоят аз ҳукми додгоҳҳояш дар сатҳи байналмилалӣ вуҷуд надорад, вале онҳо аз шеваи таъқибу боздошт ва муҳокимаи вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба кумитаи ҳуқуқи башари СММ шикоят бурда метавонанд ва ин корро низ хоҳанд кард.
Шӯҳрат Қудратов ҳамин тавр, эҳтимоли мусодира шудани тамоми дороиҳои Зайд Саидовро рад кард ва гуфт, ҳукми додгоҳ танҳо мусодираи он молу мулкеро дар назар дорад, ки аз назари додгоҳ, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадаанд. Ҳукми додгоҳ, ба гуфтаи ӯ, мусодираи молу мулки марбут ба фарзандон ва наздикони ӯро дар назар надорад, вале: “Тоҷикистон аст инҷо ва дар кишваре, ки Зайд Саидов бе ягон асос ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ҳарчиро метавон мунтазир шуд.”
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 декабр, баъди севуни моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе аз 12 сентябр идома дошт, соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Дафтари матбуоти додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 26 декабр дар шарҳи ин ҳукм хабар дод, ки “Саидов Зайд Шерович дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 319 қисми 4 банди «г» (аз ҷониби шахси мансабдор шахсан гирифтани пора ба миқдори калон), 247 қисми 4 банди «б» (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон), 138 қисми 3 банди «а» (таҷовуз ба номуси духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида), 131 қисми 3 банди «б» (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ бо мақсади шаҳвонӣ) ва 170 (серзанагӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида гунаҳгор дониста шуд.”
Бино бар ин манбаъ, Зайд Саидов “аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъингардида” ба 26 соли зиндони низомаш сахт, манъи фаъолият дар мансабҳои раҳбарӣ ва машғулият ба соҳибкорӣ барои 5 соли дигар 80 000 сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Ҳамин тавр, Зайд Саидов “аз мукофотҳои давлатӣ маҳрум карда шуда, молу мулки бо роҳи ҷинояткорона бадастовардааш ба фоидаи давлат ва баҳри барқароркунии зарари ба ҷабрдидагон расонидааш мусодира карда шуд.” Додситонии кулл ҳамчунин гуфт, ки “бо таъиноти суд як лаҳзаи айби ба Саидов З.Ш. эълоншуда бинобар исбот нашудани гуноҳаш қатъ карда шуда, се лаҳзаи айби эълоншуда ба тафтишоти иловагӣ баргардонида шуд.”
Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 бар асоси саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ аз соли 2001 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди рафтанаш аз ин мақом бо таъсиси чанд ширкат ба яке аз соҳибкорони пештоз дар арсаҳои сохтмони манзилҳои баландошёна дар Душанбе табдил ёфт. Ӯ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш дар моҳи апрели соли 2013 гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро таъсис дод. Баъди ин мақомот алайҳи ӯ чанд парванда кушоданд. Зайд Саидов рӯзи 19 май, баъди бозгашташ аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд. Худи Зайд Саидов парвандаашро аз оғоз сиёсӣ меномад ва чандин бор гуфтааст, ки маҳз барои азмаш барои сохтани ҳизби нав ҳадафи таъқиб қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи вакили дифои Зайд Саидов, «тибқи моддаи 350-и Кодекси мурофиаи ҷиноӣ, додрас муваззаф аст, ки пас аз 5 рӯзи содир шудани ҳукм, ҳалномаи додгоҳро ба шахси маҳкум ва вакилони мудофеи он супорад, вале аз рӯзи эълони ҳукми Зайд Саидов то кунун мо ҳукмро нагирифтаем, чунки судя Абдулхайров талаб дорад, ки қабл аз гирифтани ҳукм, мо вакилон забонхат нависем, ки ҳукмро ифшо накунем, ки ин нодуруст аст.»
Ба қавли Исҳоқ Табаров, додрас дар ҷараёни тафтишоти парванда тибқи моддаи 177 Кодекси мурофиаи ҷиноӣ ҳақ дорад, ки аз махфӣ будани парванда ва барои ифшо накардани ҷузъиёти ҷараёни тафтишот вакилони мудофеъро огоҳ созад ва баёнот гирад, аммо пас аз содир шудани ҳукм, дигар ҳеҷ кас ҳамчунин ҳақро надорад. Ӯ афзуд, ҳоло мехоҳанд, ки Додситонии кулл, масъулони Додгоҳи олӣ ва қонунугузорони парлумон ба ин рафтори додраси Додгоҳи олӣ баҳо диҳанд.»
Ҷаноби Табаров афзуд, феълан ҳукми додгоҳ танҳо ба маҳкумшуда Зайд Саидов дастрас карда шудааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр, баъди севуни моҳи муҳокимаи пушти дарҳои баста, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе аз 12-уми сентябр идома дошт, соҳибкори шинохта Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.
Вакилони дифои Зайд Саидов субҳи 30 декабр шикояташон аз ҳукми Додгоҳи олӣ нисбат ба ин соҳибкори шинохтаро супурда буданд. Шӯҳрат Қудратов, яке аз 3 вакили Зайд Саидов рӯзи 30 -юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ин танҳо шикояти пешакист, чунки онҳо то ҳол нусхаи ҳукми қозии парванда Шавкат Абулхайровро дастрас накардаанд ва мушаххасан намедонанд, ки муваккили онҳо рӯзи 25 декабр бар пояи кадом далоиле ба 26 соли зиндон маҳкум шуд.
Шӯҳрат Қудратов рӯзи 29-уми декабр гуфта буд, баробари ба дасташон расидани нусхаи ҳукм вакилони Саидов ба унвони Додгоҳи олӣ шикояти пурра хоҳанд бурд: “Мо намедонем, ки додгоҳ ҳукмашро бо чӣ асоснок кардааст. Вақте дидему омӯхтем, баъд дар шикояти пурра он ҳама асосҳои додгоҳро рад мекунам, чунки ба бегуноҳии зерҳимояамон бовар дорем.”
Вакили мудофеъ гуфт, баъди эълони ҳукмаш ҳар рӯз бо Зайд Саидов мулоқот мекунанд ва ӯ ҳамчунон ба бегуноҳии худ исрор варзида, ҳукмаш ва он ҳам 26 соли зиндонашро комилан беасос мешуморад: “Ӯ худро дар ягон ҷиноят гунаҳкор намеҳисобад. Ҳукмро ғайриодилона ва ғайриқонунӣ мешуморад.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад