Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар нисбати Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро маҳкум намуда ва онро «ноодилонаву золимона» хондааст. Изҳороти Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи панҷшанбе ба хусусияти сиёсӣ доштани парванда ишора карда ва онро берун аз чаҳорчӯбаи қонун донистааст. ҲНИТ аз Додгоҳи олӣ, ҳукумат ва бахусус мақомоти умури дохила талаб намудааст, ки барои таъмини волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз эҷоди тарсу хавф худдорӣ намоянд. Дар ин изҳорот ҳамчунин таъкид шудааст, ки «даъвату боз кардани ҳамагуна парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбат ба афроди фаъоли ҷомеа ва рӯзноманигорон, на танҳо вазъи дохилии кишварро ноором месозад, балки ба имиҷ ва обрӯву ҳайсияти кишвар дар сатҳи байналмилалӣ таъсири манфӣ мерасонад.»
ҲНИТ ҳамчунон аз намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар тақозо намудааст, ки нисбат ба қазияи Зайд Саидов бетараф набошанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25-уми декабр Зайд Саидовро ба 26 соли зиндон маҳкум кард.