UNICEF, Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал, ибрози нигаронӣ кард, ки дар 10 рӯзи гузашта дар ҳамлаҳои Исроил дар Ғазза беш аз 320 кӯдак кушта ва 609 тан захмӣ шудаанд. Нерӯҳои Исроил дар онҷо ҷангҷӯёни "Ҳамос"-ро нишон гирифтааст, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.
Ин ниҳод дар эъломияе дар вебсайти худ навишт, омор нишон медиҳад, ки пас аз шикасти оташбас дар Ғазза рӯзона ҳудуди 100 кӯдак кушта ё маъюб мешаванд.
Ба иттилои UNICEF, дар 18 моҳи гузашта дар Ғазза 15 ҳазор кӯдак кушта ва беш аз 34 ҳазор кӯдак захмӣ шудаанд. Ҷанг ҳамчунин як миллион кӯдакро овора карда, онҳоро аз дастрасӣ ба ғизо, оби ошомиданӣ ва хадамоти тандурустӣ маҳрум кардааст.
Катерина Руссел, мудири масъули UNICEF, дар вокуниш ба ин вазъият гуфт, "оташбас дар Ғазза барои кӯдакони ин минтақа умеде барои наҷот ва беҳбуди вазъ буд, аммо акнун бори дигар кӯдакон дар гирдоби хушунати маргбор ва маҳрумият фурӯ рафтаанд".
Бунёди ҳимоят аз кӯдакони Созмони Милал ҳамлаҳоро нақзи ошкори қонунҳои байнулмилалии башардӯстона хонда, аз ҳама тарафҳо хостааст, ба даргириҳо дар Ғазза поён дода, оташбасро барқарор намоянд.