258 табиб барои 16 миллион чашм? ВИДЕО

Камбуди мутахасисони чашм дар навоҳии дурдасти кишвар аксари онҳоеро, ки мушкили биноӣ доранд, ба пойтахт меорад. Аммо ба гуфтаи мутахаcсиcон, ин афрод замоне ба табибон муроҷиат мекунанд, ки аллакай дер шуда ва ниёз ба ҷарроҳӣ доранд.

Камбуди мутахассисони чашм дар навоҳии дурдасти кишвар аксари онҳоеро, ки мушкили биноӣ доранд, ба пойтахт меорад. Аммо ба гуфтаи мутахаcсиcон, ин афрод замоне ба табибон муроҷиат мекунанд, ки аллакай дер шуда ва ниёз ба ҷарроҳӣ доранд.

Нозанин 14-сол дорад ва як дафъа ҷарроҳии чашмро пушти сар кардааст. Барои зеботар шудан ва ҳам зебову рӯшан дидани дунё, ӯ бояд як ҷарроҳии дигарро аз сар гузаронад. Дар 6-солагӣ чашмони Нозанин, ки хира медид, якбора олус шуд. Вале волидон танҳо бо гузашти 7 сол ва баъди талоши табобат дар ноҳияи худ, тасмим гирифтаанд ӯро ба шаҳр оранд, то чашмони ӯро муолиҷа кунанд.

Нозанин.

Нозанин Қурбонова мегӯяд, “соли 2015 ба беморхонаи чашм омадам. Қувваи чашмам кам буд. Се моҳ табобат гирифтам, баъдан ҷарроҳӣ карданд. Ман бисёр мехоҳам, ки чашмам мисли дигар духтарҳо “рост” бошад”

Пизишконе, ки Нозанинро муолиҷа мекунанд, мегӯянд, чашмони ӯ дар натиҷаи камбинӣ ва фишори зиёд овардан ба чашм, олус шудааст. Табибон мегӯянд, агар ӯро дар марҳилаи аввали беморӣ табобат мекарданд, шояд кор то ба ҷарроҳӣ намерасид.

Шамсулло Мирзоназаров, духтури кӯдаконаи бемориҳои чашм мегӯяд, “аксари афроде, ки ба мо барои кам будани нерӯи чашмашон муроҷиат мекунанд, аз онҳо шаст дарсадашон ба бемории олусӣ оварда расонидааст. Падару модари ин кӯдакон аз бемориашон хабар надоранд ва "олус шудааст гуфта", муроҷиат мекунанд. Онҳо намедонанд, ки кӯдак аслан аз камбинӣ ба бемории олусӣ гирифтор шудааст.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

258 табиб барои 16 миллион чашм?

Табибон - офталмологҳои тоҷик аз афзоиши бемориҳои чашм, махсусан миёни наврасону ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунанд. Дар 9 моҳи ахир дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм беш аз 3 ҳазор нафар муолиҷа ва ҷарроҳӣ шудаанд. 40 дардсади беморон кӯдакону наврасон будаанд, ки аксарият бо бемориҳои камбинӣ, олусӣ ва парда гирифтани чашм ба табибон муроҷиат кардаанд.

Камбуди шадиди мутахасисони ин соҳа ба вижа дар навоҳии кишвар ин вазъро ҳам печидатар карда, боис ба он шудааст, ки беморон дар марҳилаҳои охирину мушкили беморӣ то ба назди табибони чашм ба пойтахт расидаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳамагӣ 258 табиби бемории чашм фаъолият менамоянд, ки барои ҳашт миллион нафар кам аст. Аммо ба гуфтаи Елена Фуджина, офтолмологи дараҷаи олӣ дар маркази тиббии “Шифо”, шиддат ёфтани бемориҳои чашм танҳо ба камбуди табибон вобаста нест. Ба гуфтаи ӯ, мисли даврони шӯравӣ маъракаҳои саросарӣ барои ташхиси биноиши кӯдакону наврасон аз байн рафтаанд ва маҳз ин омил бештар боис ба шиддат гирифтани бемориҳои чашм шудааст.

“Аз ин рӯ, аз волидон хоҳиш мекунем, ки ақалан як маротиба худашон давоми сол фарзандонро аз ташхиси тиббӣ гузаранд. Яке аз авомили дигари паст шудани нерӯи чашм, сӯистифодаи телефонҳои мобилӣ миёни кӯдакон ва наврасон аст. Истифодаи телефонҳои мобилӣ низ метавонад, ки ба хирашавии чашм оварда расонад.” – мегӯяд, Елена Фуджина, табиби чашм.

Ба таъкиди ин мутахассис, планшету телефонҳо бояд зиёд дар ихтиёри кӯдакону наврасон гузошта нашавад ва умуман афроди калонсол ҳам ба гуфтаи ӯ метавонанд дар натиҷаи тамошову мутолиаи зиёд аз тариқи телефонҳо ба биноии худ зарар расонанд.

Мутахассисони чашм тавсия медиҳанд, ки бо пайдо шудани камтарин нуқсон дар хурдсолон, махсусан вақте мушоҳида мешавад, ки кӯдак ба телевизион наздик мешинад ва ё дар мутоливу дидани тахтаи синф мушкил мекашад, бояд фавран ба табиб муроҷиат кунанд, то беморӣ сари вақт муайян ва муолиҷа шавад ва ниёзе ба амалиёти ҷарроҳӣ намонад.