Як вакили рус аз муҳоҷирон хостааст, бо ӯ ба ҷанг раванд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Видеоро дар инҷо бинед

Виталий Милонов, вакили Думаи давлатии Русия, аз муҳоҷирони боздоштшуда дар Санкт-Петербург хостааст, ки ба ҷанг дар Украина бираванд. Аз навори суҳбатҳояш бармеояд, ки посухи муносиб нагирифтааст. Ӯ наворро рӯзи 6-уми январ дар Телеграм гузошт.

"Онҳо намехоҳанд, ки ба майдони ҷанг бираванд. Ҳарчанд шикоят доранд, пул ва ҷойи зист надоранд," – гуфт вакили порлумони Русия.

Вай афзудааст, "мисол, ман омодаам, бо онҳо ба Горловка равем, ба шаҳри Дзержинский ҳамла кунем, аммо онҳо намехоҳанд."

Даҳҳо муҳоҷирро ҳангоми санҷиши хобгоҳ дар Санкт-Петербург дастгир карданд. Ин амалиёт бо дархости Виталий Милонов сурат гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, сокинон аз ҳукумати маҳаллӣ хоста буданд, ки дари хобгоҳҳои муҳоҷиронро бибандад, аммо касе ба додашон нарасид.

Дар наворҳо дида мешавад, ки даҳҳо муҳоҷир дар сардӣ дар кӯча истодаанд. Виталий Милонов иддао кард, ки санади будубоши аксар муҳоҷирон мушкил дорад.

Ҳарчанд Русия ба нерӯи кории арзон ниёз дорад, дар моҳҳои охир сиёсати бадбинонаеро нисбат ба муҳоҷирон пеш гирифтааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Русия шароити муҳоҷиронро беҳтар намекунад ва онҳоро фишору азият медиҳад. Солона ҳазорон муҳоҷир бо баҳонаҳои гуногун боздошт ва аз Русия ихроҷ мешаванд.

Ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.