Як узви собиқадори Шӯрои федератсияи Русия бо гумони даст доштан дар қатли фармоишӣ боздошт шудааст.
Сенатор аз минтақаи Тула Дмитрий Савелев рӯзи 2 август бо талаби додистони кулли Русия Игор Краснов дар як овоздиҳӣ аз ҳақи масуният озод карда ҳамон рӯз бо қарори як додгоҳи Маскав ба ҳабс гирифта шуд. Худи ӯ дар додгоҳ ба бегуноҳиаш исрор варзидааст.
Мақомот ҷузъиётро нашр намекунанд, вале нашрияи “База” навиштааст, ки Савелев хостааст куштори як собиқ шарики тиҷоратиашро фармоиш диҳад ва барои анҷоми ин кор ноогоҳона як ходими ФСБ-ро ҷалб кардааст.
Ин ҳодиса соли 2023 рӯй дод ва куштор як саҳнасозӣ буд. Савелеви 55-сола аз ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” буда, дар гузашта дар мақоми президенти ширкати “Транснефт” ва давоми 17 сол чун вакили Думаи давлатӣ кор кардааст.