Як сокини Варзоб зери тарма ҷон бохтааст

Маъмурони наҷот онро аз зери тарма берун кашиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод, ки Шӯҳрат Муминов бо мошини “Спринтер” рӯзи 26-уми феврал ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Зимарғи ноҳияи Айнӣ зери тарма монда, ҷон бохтааст.

Кормандони кумита ва наздикони ронанда ҷасадро аз зери тарма берун кардаанд.

Шӯҳрат Муминов, сокини 37-солаи ноҳияи Варзоб будааст.

Чанд рӯзи охир дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борида, сабаби фаромадани тарма ва баста шудани роҳҳо шуд.

Оҷонсии обуҳавошиносӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор додаанд, ки сокинон дар чунин рӯзҳо бе зарурият ва бе омодагӣ ба сафар набароянд.