Як шаҳрванди Русия барои шиканҷаи кӯдаки тоҷик зиндонӣ шуд

Маросими дафни Далер Бобиеви шашсола. Моҳи июли 2023

Додгоҳи ҳарбӣ дар шаҳри Екатеринбург як марди русро барои шиканҷаи кӯдаки муҳоҷири тоҷик 5 сол зиндонӣ кард.

Александр Наумовро, ки парастор ё нигаҳбони Далер Бобиеви шашсола аст, ба шиканҷа бо бераҳмии махсус гунаҳкор донистаанд. Падари Далер Бобиев дар Русия барои дуздӣ адои ҷазо мекунад ва писарашро як оилаи рус ба парасторӣ гирифта буд.

Ба иттилои хабаргузории "E1.RU", Наумов дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо эътироф накард. Ӯ гуфтааст, то моҳи июни 2023 дар ҷанги зидди Украина қарор дошт. Аммо ба навиштаи "SOTAvision", ӯ зимистони соли гузашта ба таътил омада буд ва аз нопадид шудани кӯдак хабар дошт.

26-уми июни соли гузашта, Вероника Наумова, ҳамсари Александр Наумов, парастори дигари кӯдак аз нопадид шудани Далер Бобиев хабар дод. Ба гуфтаи ин зан, вай қаблан ҳам аз хона фирор мекард. Он замон садҳо сокини маҳаллӣ се рӯз ин кӯдакро ҷустуҷӯ карданд. Дертар маълум шуд, ки кӯдак моҳи декабри соли 2022 кушта шудааст ва тамоми ин муддат ҷасади ӯ дар як халта дар ҷойи мошинҳо, ки дар наздикии хонаи парасторон ҷойгир буд, қарор дошт.

Вакили мудофеи Наумов гуфтааст, ки бо қарори додгоҳ розӣ нест ва аз болои он шикоят мекунад.

Мурофиаи додгоҳии Вероника Наумова ва ҷияни 21-солаи ӯ Даниил Еголников низ идома дорад. Ҳарду дар куштори кӯдак бо бераҳмии махсус ва ангезаи кинаю адовати миллӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии кӯдак айбдор мешаванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Навраси 6-солаи тоҷикро дар Русия ба хок супориданд

Рӯйхати муҳоҷирони тоҷики фавтидаву кушташуда дар Русия тӯлонист. Мақомоти Тоҷикистон ба баъзе аз ин ҳодисаҳо эътироз карда, аз мақомоти Русия таҳқиқи мӯшикофонаи онро хостаанд. Мақомоти Русия на ҳамеша ба дархости Тоҷикистон вокуниш мекунанд.

Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирони тоҷик ба ватан оварда мешавад. Бар изофа, ҷалби муҳоҷирон ба ҷанги Русия зидди Украина, фишорҳои мақомоти интизомии ин кишвар бар сари муҳоҷирони тоҷик ба маротиб афзуда, вале дар айни замон раванди муҳоҷират коҳиш наёфтааст.