Толиб Бегимқулов 52-сола аст ва аз деҳаи Шӯрноваи шаҳри Панҷакент.
Акбар Шарифӣ, подполковник (сарҳангёр)-и милиса, мегӯяд, Бегимқулов соли 2003 дар роҳ ба Русия, дар ҳудуди Қазоқистон, бар асари тасодуфи нақлиётӣ “осеби майнаи сар бардошта, ба бемории фаромӯшхотирӣ гирифтор шудааст”.
Вай рӯзи 28-уми декабр дар гузорише дар торнамои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон навишт: “Толиб Бегимқулов маълумот дар бораи худ, наздикону пайвандон ва ҷойи зистро пурра аз хотир бароварда, то ин дам дар ҳавлии шаҳрванди Қазоқистон дар шаҳри Чимкент мезист.”
Ҷузъиёт маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ "истифода аз барномаҳои интернетӣ", ҳамкорӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Алмато ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистонро аз омилҳои ёфтани Толиб Бегимқулов номбар кардааст.
Мақомот мегӯянд, кофтукоби Толиб Бегимқулов бо дархости падараш аз соли 2014 расман идома дошт, вале ӯ замоне пайдо ва ба ватан оварда шуд, ки волидонаш дигар барҳаёт нестанд. “Пайдо шудани ӯ барои ҳамсару фарзандон ва дигар аъзои оила хурсандибахш гардид,” – гуфтааст Акбар Шарифӣ.
Омори пурра дар бораи чӣ қадар бедарак будани шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохил ва беруни ҷумҳурӣ нашр намешавад.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нуҳ моҳи соли 2020 зиёда аз 700 нафар бедарак шуда буданд. Маълум нест чӣ қадаре аз онҳо ёфт шуда, чанд нафар бедарак мондаанд.