Додгоҳи шаҳри Маскав пажӯҳишгари фаронсавӣ Лоран Винатйеро бо гуноҳи поймол кардани қонуни "агенти хориҷӣ" ба се сол зиндон маҳкум кардааст.
Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки ҳукм рӯзи 14-уми октябр содир шуд.
Винатйеи 48-сола дар моҳи июни имсол бо гумони ҷосусӣ ва номнавис накарданаш ба ҳайси агенти хориҷӣ дастгир шуда буд.
Муфаттишон иддао кардаанд, ки вай иттиҳоми ғайриқонунӣ ба даст овардани иттилоъро дар бораи нерӯҳои Русия пазируфтааст, вале маълум нест таҳти чӣ шароите.
Вакилони мудофеи ӯ аз додгоҳ хоста буданд, ки ба ҷойи ҳукми зиндон Лоран Винатйеро ҷарима бандад.
Лоран Винатйе мушовири Маркази муколамаи башардӯстона, як созмони ғайритиҷоратӣ дар мавриди ҳалли низоъ дар Женева аст.
Фаронса қарори Додгоҳи Русияро маҳкум кард ва хоҳони раҳоии Винатйе шуд.