Як омӯзгор дар Узбекистон барои задани хонанда $530 ҷарима шуд

Акс аз бойгонӣ

Омӯзгори мактаби рақами 188-и шаҳри Тошканди Узбекистон, ки дар дарси забони русӣ як хонандаро латукӯб карда буд, ҷарима шудааст. Хабаргузории "Газета.uz" иттилоъ дода, ки мудири мактаб низ аз мақомаш барканор гаштааст.

Зан дар додгоҳ гуноҳро қисман ба гардан гирифтааст. Ӯро дар "таҳқир" ва "қасдан расондани зарари сабук ба саломатӣ" гунаҳкор эълом кардаанд. Додгоҳ омӯзгорро муодили 534 доллари амрикоӣ ҷарима кардааст.

Модари хонанда дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишта буд, ки писараш хостааст, муаллима дарсро бо забони русӣ гузаронад, на узбекӣ ва бинобар ин зери зарбу лат мондааст. Дертар паёмро аз шабакаи иҷтимоӣ пок карданд.

Ҳодиса рӯзи 23-юми сентябр дар мактаби рақами 188 дар Тошканд рӯй додааст. Навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шуд. Дар он дида мешавад, ки омӯзгор чанд дафъа ба рӯйи хонанда зада, ба сӯяш дод гуфтаву таҳқир кардааст.