Як нишасти муҳим дар мавриди Украина лағв шудааст

Ллойд Остин, вазири дифои Амрико бо Владимир Зеленский, президенти Украина

Нишасти “Гурӯҳи Рамштейн”, ки аз кишварҳои ёридиҳанда ба Украина иборат аст, дар Олмон лағв шудааст.

Дар ин бора ду манбаъ аз НАТО, Паймони низомии Атлантики Шимолӣ, рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Онҳо гуфтанд, тасмим ба бекор шудани сафари президенти Амрико Ҷо Байден ба Олмон вобаста аст.

Байден бояд дар рӯзҳои 10-13-уми октябр аз Олмон боздид мекард. Нишасти “Гурӯҳи Рамштейн” (Гурӯҳи тамоси дифоии Украина) низ дар он рӯзҳо пешбинӣ шуда буд.

Кохи Сафед дар баёняие гуфт, Байден рӯзи 8-уми октябр ба сабаби тӯфони “Милтон” дар Флорида сафари худро ба Олмон ба таъхир гузошт.

Ин тӯфони дувуми азимест, ки дар чанд ҳафтаи охир ба Флорида расидааст.