Як ниҳоди Тоҷикистон фармони Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод

Владимир Путин

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия як фармони президент Владимир Путинро дар бораи муҳоҷирон шарҳ дод.

Фармон рӯзи 30-юми декабри соли 2024 имзо шудааст.

Тибқи он, хориҷиёне, ки дар Русия ғайриқонунӣ кору зиндагӣ доранд, бояд ҳарчи зуд санадҳои худро дуруст кунанд ва ё аз ин кишвар берун шаванд. Барои анҷоми ин кор то охири апрели соли 2025 муҳлат додаанд.

Сабтином дар идораи муҳоҷират, пешниҳоди маълумоти биометрӣ ва пизишкӣ, шаҳодатномаи донистани забони русӣ ва иҷозаи иқомат аз шартҳои асосист. Ҳамчунин, муҳоҷирон набояд аз пули телефону пардохти ҷарима ва хадамоти дигари давлатӣ қарздор бошанд.

Намояндагии Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 2-юми январ гуфт, ин фармон афв нест, вале “агар дуруст татбиқ шавад, барои баъзе аз муҳоҷирон имконияти хуб барои танзими вазъи ҳуқуқиашон хоҳад буд”.

Ин талаб ба онҳое, ки барои хидмати ҳарбӣ дар Русия қарордод бастаанд, дахл надоштааст.

Пештар рӯйхати 120 ҳазор зодаи Тоҷикистон нашр шуд, ки дар қаламрави Русия ягон қонуншиканӣ кардаанд ва ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад.

Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус” дар баҳори соли 2024 шиддат гирифт. Аксари гумонзадҳо, ба иттилои мақомоти Русия, зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин рухдод на танҳо боис ба авҷи бегонаситезӣ дар Русия шуд, балки сабаби чанд маҳдудияти қонунӣ гашт.