Як мансабдори "Толибон" аз муносибати хуб бо Тоҷикистон гуфт

Мавлавӣ Абдулкабир

Як мансабдори ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон гуфтааст, ки муносибати онҳо бо Тоҷикистон дар муқоиса бо гузашта беҳтар шуд.

Ба гузориши “Тулуъ Нюс”, ин суханҳоро Мавлавӣ Абдулкабир, муовини сиёсии нахуствазири "Толибон", дар мулоқот бо намояндагони донишгоҳҳои хусусии Кобул баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, “равобити сиёсии Имороти Исломӣ ва Тоҷикистон беҳбуд ва сафарҳои намояндагони ду тараф афзоиш ёфт”.

Мавлавӣ Абдулкабир эътироф карда, ки бо баъзе аз кишварҳои ҳамсоя мушкилу чолишҳои сиёсӣ доранд, вале аз афзоиши тиҷорат байни Тоҷикистону ҳукумати "Толибон" ситоиш намудааст.

Вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба изҳороти Мавлавӣ Абдулкабир маълум нест.

Тоҷикистон аз замони ба қудрат баргаштани "Толибон" дар Афғонистон нисбат ба ин гурӯҳ мавзеъгирии шадид дошт ва барои оғози равобит шартҳоеро пешниҳод карда буд.

Яке аз шартҳои муҳими Тоҷикистон ташкили ҳукумати фарогир бо ҳузури намояндаҳои ҳамаи қавмҳои Афғонистон, ба вижа тоҷикон буд.