Генерал Юрий Кузнетсов, сардори Раёсати кадрҳои Вазорати мудофиаи Русия, дар доираи як парвандаи фасоди молӣ дастгир шудааст.
Дар ин бора Кумитаи тафтишотии Русия рӯзи 14-уми май хабар дод.
Светлана Петренко, намояндаи расмии Кумитаи тафтишот, дар Телеграм навишт, ки Кузнетсов ба гирифтани ришва аз як созмони тиҷоратӣ муттаҳам аст.
Ба иттилои ӯ, ҳангоми кофтуков аз хонаи Юрий Кузнетсов зиёда аз 100 миллион рубл (1,09 миллион доллар), тангаҳои тило ва соату ашёи гаронбаҳо ёфта, мусодира кардаанд.
Кузнетсов дар моҳи майи соли 2023 ба ин мансаб таъйин шуда буд.
Аз ин пеш, рӯзи 24-уми апрели имсол, муовини вазири мудофиаи Русия Тимур Иванов ба иттиҳоми ришваситонӣ дастгир шуд. Вай дар моҳи майи соли 2017 бо амри президенти Русия ба ин мақом расида буд.