Кирилл Дмитриев, намояндаи вижаи Русия дар умури сармоягузории хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, рӯзи 2-юми апрел барои суҳбат дар бораи хатми ҷанг дар Украина ва истиқрори оташбас ба Вашингтон рафтааст.
Хабаргузории "Рейтерс" бо такя ба ду манбаъ рӯзи 3-юми апрел хабар дод, ки Дмитриев бо даъвати расмӣ вориди Вашингтон шуд.
Кохи Сафед иттилоъро тасдиқ накардааст.
Ба гузориши "Рейтерс", Стив Виткофф, намояндаи вижаи Амрико дар умури Ховари Миёна, бо дастури Кохи Сафед ва Департаменти давлатӣ ҳафтаи гузашта Дмитриевро даъват карда, барои дарёфти раводиди кӯтоҳмуддат ба ӯ ёрӣ додааст.
Аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина дар соли 2022 бори аввал аст, ки як мансабдори баландпояи Русия аз Вашингтон боздид мекунад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанде пеш аз ҷараёни кунди музокироти оташбас барои хатми ҷанг дар Украина ва рафтори Владимир Путин, президенти Русия, изҳори норизоятӣ кард.
Вай рӯзи 2-юми апрел ҳангоми эълони боҷи изофӣ барои бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, бори дигар ба пойбандии худ барои поён додани ҷанг дар Украина таъкид намуд.