Як ҷунбиши мухолифони тоҷик қарори Русияро дар бораи Оқохон маҳкум кард

Шоҳзода Карим Оқохони 4, имоми 49-уми исмоилиён дар ҷаҳон

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон қарори Русияро дар бораи таҳрими Шоҳзода Карим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва раҳбари Бунёди ҳамномаш, "ноодилона" хонд ва маҳкум кард.

"Хусусан, бо назардошти саҳми беназире, ки Шоҳзода Карим Оқохон ва созмонҳои ӯ дар рушди бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон доранд," – гуфта шудааст дар изҳороти Ҷунбиши ислоҳот ва рушд. Матни изҳорот рӯзи 22-юми август нашр шуд.

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, бовар дорад, ин гашти Русия "кӯшишҳоро барои таҳкими сулҳ ва ҳамкорӣ дар арсаи байнулмилалӣ халалдор карда, уфуқҳои нави хушунат ва муқовиматро эҷод мекунанд ва на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ зарар мерасонанд."

Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, Бунёди Оқохон ва созмонҳои зертобеяш дар аксар кишварҳо "ба мардуми камбизоат ёрӣ мерасонанд, лоиҳаҳои таълимӣ ва тиббиро рушд медиҳанд, ба беҳтар кардани сифати зиндагии мардум, новобаста аз миллат ва динашон, мусоидат мекунанд."

Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 19-уми август дар қатори 29 намояндаи дигари Бритониё ба зидди Шоҳзода Карим Оқохон низ таҳрим ҷорӣ кард. Ӯ ва чор намояндаи Бунёди ҳамномаш аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шуданд.

Маскав онро иқдоми ҷавобӣ ба "сиёсати хашину зиддирусии Бритониё" номид. Вокуниши Карим Оқохон ва намояндагони созмони зери раҳбарии ӯ ба қарори ҳукумати Русия маълум нест.