WSJ навишт, ки Исроил чӣ гуна Фуод Шукрро аз байн бурд

Фуод Шукр рӯзи 30-юми июл дар ҷануби Бейрут кушта шуд

Нашрияи амрикоии “The Wall Street Journal” навишт, Исроил фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон Фуод Шукрро дар доираи амалиёте бо истифода аз фанновариҳои пешрафта ва рахнагарон аз байн бурдааст. Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро созмони террористӣ медонад. Ҳодиса рӯзи 30-юми июл рух дод.

Ба нигоштаи “The Wall Street Journal”, Фуод Шукр дар дохили дафтари кориаш дар як бинои истиқоматие дар шаҳри Бейрут қарор дошт. Шахсе ба ӯ занг зада, хостааст, ба хонаи худ дар ошёнаи ҳафтум биравад.

“Ӯро ба хонае даъват карданд, ки панҷ ошёна болотар қарор дошт ва вақте вориди манзил шуд, ба он зарба заданд,” – қисса кардааст як мусоҳиби “The Wall Street Journal”.

Ба ғайр аз фармондеҳ, ҳамсараш ва ду зану ду кӯдаки дигаре, ки дар дохили ин хона буданд, кушта шудаанд.

Фуод Шукрро “дасти рост” ва мушовири раҳбари “Ҳизбуллоҳ” Ҳасан Насрулло меномиданд, ки тарҳрезӣ ва раҳбарии амалиёти ҳарбиро ба уҳда дошт. Исроил масъулияти куштори Шукрро ба дӯш гирифт.

Як рӯз баъд аз кушта шудани Шукр, рӯзи 31-уми июл, Исмоил Ҳания, раҳбари гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд, дар шаҳри Теҳрон кушта шуд. Исроил даст доштанашро дар ин куштор эътироф намекунад.