Занони афғон, ки 20 сол пеш дар аҳди Толибон аз ҳама ҳуқуқ маҳрум буданд, ҳоло назар ба ҳар вақти дигар мустақилтар шудаанд. Бо вуҷуди ин ронандагӣ дар байни занон ҳанӯз роиҷ нест. Лайлимо Эҳсон яке аз бонувони афғон аст, ки мехоҳад вазъро тағйир диҳад. Баъди гирифтани гувоҳиномаи ронандагӣ худаш барои занон мактаби ронандагӣ кушод.
“Як сол мошин мерондам ва хонумҳои дигар алоқамандии зиёд нишон доданд. Онҳо гуфтанд, ба мо ёд бидеҳ”, -- афзуд ӯ.
Лайлимо Эҳсон мегӯяд, ронандагӣ боварии занро ба худ боло мебарад ва ҳар кас бояд мошин дошта бошад: “Ҳар шахс ба мошин зарурат дорад. Вале мушкили ноамнӣ ва фақру бечорагист, ки мардум шароит надоранд.”
Мужда Ҳутак, фаъоли ҳуқуқи занон, чанде пеш баъди хатми мактаби ронандагӣ гувоҳиномаашро гирифт, бо вуҷуди мухолифатҳое, ки дидааст.
Аз Идораи Бозрасии Нақлиёти вилояти Балх имсол теъдоди рекордии занон гувоҳиномаи ронандагӣ гирифтаанд. Абдуллоҳ Саодат, корманди маркази таълими ронандагӣ, гуфт, “хушбахтона, дар шаҳри Мазори Шариф дар як сол ҳудуди 300 зан омӯзиш гирифтанд. Тақрибан дусад нафари онҳо соҳиби гувоҳинома шуданд.”
Аммо дар дохили мошин ҳам гоҳе занони афғонро ором намегузоранд. Худашон мегӯянд, ки ҳангоми ронандагӣ аз тарафи мардон озору азият мебинанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад