Рӯзи якшанбеи 24-уми июн занони Арабистони Саудӣ ҳаққи рондандагиро ба даст оварданд ва худи ҳамон рӯз дар кӯчаҳои саросари ин кишвар занони ронанда ба чашм мехӯрданд.
Сокини шарҳи Риёз Асмоъ Ассимдӣ бори аввал аз ин ҳаққаш истифода бурд. "Ман имрӯз хеле хушбахтам. Ин як рӯзи таърихӣ барои занони Саудӣ мебошад. Акнун ҳар як зан ҳаққи рондани мошинро дорад. Намедонам чӣ гуна хушҳолиямро иброз намоям",-афзуд вай
Шавҳари Асмоъ аснои мошинронӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ мекард. Ба фикри ӯ тақдими ҳаққи мошинронӣ ба нафъи оилаҳои саудӣ ва нафъи мамлакат аст. "Ин иқдом ба занон истиқлоли бештар медиҳад. На танҳо истиқлол, балки масъулият. Акнун ӯ баробари ман масъулият дорад ва бо имкони рондани мошин ӯ метавонад бархе аз масъулиятҳои хонаводагиро бар дӯш гирад. Акнун ӯ худаш ҳам интихоб дорад. Қаблан ҳар кори ӯ вобаста ба тасмимҳои ман буд".
Ба қавли коршиносон, лағви манъи мошинронии занони саудӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар ҳам заминаи хубе фароҳам меорад. Расонаҳои маҳаллӣ тахмин мекунанд, ки дар Арабистони Саудӣ бозори фурӯши мошин аз 6 то 10 дарсад рушд намуда, ҳатто бозори хосе ба муносибати ронандагии занон доир шуд. Аз ҷумла, ширкати "Телеком"-и Саудӣ, ки масъулияти таълими ронандагии занонро бар ӯҳда дорад, намоишгоҳ барпо кард.
Як масъули ин намоишгоҳ гуфт, "Мо як гӯшае хосеро ташкил кардаем, ки дар он занони саудӣ бо моҳияти мошинронӣ ошно мешаванд. Қабл аз гирифтани муҷаввизи ронандагӣ, онҳо метавонанд ин ҷо омада, дар лавҳаи компютерӣ мошинронӣ омӯзанд. Дар ин ҷо онҳо бо масалан, аҳамияти бастани тасмаи бехатарӣ ва ғайра ошно мешаванд."
Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон бин Абдулазиз дар моҳи сентябри соли гузашта ба ронандагии занон иҷозат дода, барои омода намудани шароити муносиб даҳ моҳ вақт ҷудо кард. Сар аз оғози моҳи равон ниҳодҳои нақлиётии Саудӣ ба тақдими муҷаввизи ронандагӣ ба занон шурӯъ карданд.