Сулаймон: "Бобои Барфӣ, модарамро аз Русия баргардон". ВИДЕО

Сулаймон орзу дорад, ки Бобои Барфӣ рӯзи дидор бо модарашро наздиктар кунад

Имсол Бобои Барфӣ аз як гурӯҳ кӯдакони тоҷик номаву дархостҳое мегирад, ки чандон кӯдакона нестанд. Хоҳишҳои ин тифлон аз орзуҳои ҳамсолони дигарашон фарқ дорад: онҳо на танҳо шириниву бозӣ ё лӯхтак мехоҳанд, балки бештар либосу пояфзолу палтои гарм, китобу ҷузвдон ва аробачаи маъюбӣ мехоҳанд. Бархе ошкор мегӯянд, ки дидор бо модари раҳдури муҳоҷирашон танҳо хоҳиши зиндагиашон мебошад.

Модарам дар Русия аст...

Сулаймони 11-сола имсол барои аввалин бор ба Бобои Барфӣ нома навиштааст ва аз ӯ хостааст барояш телефон тӯҳфа орад. Телефони

Бобои барфӣ одами хуб аст. Мо ҳарчи гӯем, ӯ меорад. Пештар барои мо мошинчаву дигар тӯҳфаҳо оварда буд. Агар ман коляска дошта бошам, дигар ҳамсинфонро зора накарда худам ҳаракат мекунам

оддӣ ҳам не, ҳушманд, то тавонад бо модараш дар Русия видеосӯҳбат кунад ва акси ӯро бубинад. Сулаймон модарашро сахт пазмон шудааст. Ӯ падар надорад ва ду соли пеш модар ӯро дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси Хирманаки Ҳисор гузоштаву, ба муҳоҷират рафт. “Аз рӯзе, ки Русия рафт, дигар надидам модарамро. Ӯ дар Русия кор мекунад, кораш мушкил аст. Баъзан бо телефони ҳар кас сӯҳбат мекунам. Мегӯяд, «он ҷо хунук аст», «барф меборад». Ҳар сол барои ман пул мефиристад ва барои худаш ҳеҷ чиз намехарад. Ман дар телефон баъзан барояш шеър мехонам ва ӯ гиря мекунад”.

Бо он ки ин наврас худ дур аз оғуши модар азият мекашад, вале мегӯяд, дилаш ба модари муҳоҷираш месӯзад ва борҳо аз ӯ хостааст, ки дубора ба Тоҷикистон баргардад. “Баъзан ба ӯ мегӯям, ки «пул нафирист, худат баргард”.

Бобои Барфӣ аз нигоҳи Сулаймон як пирамарди тавонманде ҳаст, ки имкони иҷрои ҳама хостаҳои кӯдаконро дорад. Ин наврас наққоши хуб ҳам ҳаст ва як тасвири зебои солинавӣ ҳам омода кардаасту мехоҳад онро ба Бобои Барфӣ тӯҳфа кунад. “Ман мехостам, ки ин аксро ба Бобои Барфӣ нишон диҳам, то хушҳол шавад. Ман расми Бобои Барфӣ, арча ва тӯҳфаҳояшро кашидам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бобои Барфӣ барои кӯдакони вижа: "Бобоҷон, ба ман аробача биёр"

Шукрона ҷузвдон мехоҳад

Аммо Шукрона ба фарқ аз Сулаймон аз бобои барфӣ чизи зиёд намехоҳад. Шукрона дар номаи худ аз Бобои Барфӣ ҷузвдон хоҳиш кардааст. Дар соли нави таҳсили имсола ба Шукрона ҷузвдон нахариданд. Ӯ дафтару китобҳояшро дар халта ба дарс мебарад. “Ҳар сол очаам сумка мехарид. Имсол хоҳарчаам ҳам мактабхон шуд ва очаам барои ӯ харид. Барои ман шароит набуд”.

Шукрона медонад, ки шароити модар фақат барои як ҷузвдон мерасид ва аз ин нороҳат нест. Ӯ умед дорад номааш ба дасти Бобои Барфӣ мерасад ва сар аз соли нави 2018 ӯ соҳиби ҷузвдони зебову суратдор мешавад. Агар ин хостаи ӯ амалӣ шаваду Бобои Барфӣ барояш ҷузвдон биёрад, ин аввалин тӯфае хоҳад буд, ки ӯ аз дасти Бобои Барфӣ мегирад. Шукрона дуруст роҳ рафта ва сӯҳбат карда наметавонад, аммо фикррониаш хеле хуб аст.

"Бобоҷон, дастамро табобат кун"

Мисли ин наврас дар мактаб-интернати низомаш махсус дар Хирманак аксари кӯдакон дорои имконоти маҳдуданд. Яке аз дарди пою дигарӣ аз дарди даст азият мешавад. Бархе аз ин кӯдакон ҳам мисли Сафина бар ин боваранд, ки Бобои Барфӣ муъҷизаофар аст. Як дасти Сафина нуқси модарзодӣ дорад. Дар номааш фақат лӯхтак хостааст, аммо мегӯяд вақте аз наздик ӯро бубинад, ҳатман ба ӯ орзуи аслии худро хоҳад гуфт. Ӯ мехоҳад ҳарду дасташ мисли дастони дигар духтарон зебову солим бошад. “Аз наздик пурсад, ман мегӯям, ки мехоҳам дастам соз шавад. Духтурон гуфтанд, ки соз намешавад, модарзод аст, аммо Бобои Барфӣ асои сеҳрнок дорад ва бовар дорам метавонад моро сиҳат кунад.”

Дасти рости Сафина ангушт надорад ва наметавонад бо он дасташ бинависад, кор кунад. Модари фалони дар корхонаи сементбарорӣ фаррош аст ва чор фарзандро танҳо тарбия мекунад. Падараш фавтидааст.

Асомиддин аробачаи маъюбӣ мехоҳад

Асомииддин, навраси дигар ба Бобои Барфӣ як номаи хеле кӯтоҳ навиштааст. Аз ӯ танҳо хостааст барояш аробачаи маъюбӣ тӯҳфа орад. Асомиддин дуруст роҳ рафта наметавонад, бо кӯмаки ҳамсолони дигар ва ё дару деворро дошта ҳаракат мекунад. Асомиддин бовар дорад, аробача кори ӯро осон хоҳад кард. “Бобои барфӣ одами хуб аст. Мо ҳарчи гӯем, ӯ меорад. Пештар барои мо мошинчаву дигар тӯҳфаҳо оварда буд. Агар ман коляска дошта бошам, дигар ҳамсинфонро зора накарда худам ҳаракат мекунам”, - мегӯяд бо умед Асомиддин.

Ҳоло ҳамаи ин ҳамсӯҳбатони хурдсоли мо бесаброна интизори Бобои Барфӣ ҳастанд, на танҳо ба хотире, ки ӯ барояшон тӯҳфа меорад ва шояд хостаҳояшонро бароварда месозад, балки бовар доранд бобои ришсафед барояшон як дунё хушҳолӣ ҳам меорад ва бо онҳо рақсу бозӣ мекунад. Дар миёни номаҳои ин наврасон ба Бобои Барфӣ, бештар дида мешавад, онҳо ба либосу пояфзоли гарм ва ашёи хониш ниёз доранд. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки аз Бобои Барфӣ чизе нахостаанд, ба ҷуз дидани худи бобо аз наздик.

Барои иҷрои орзуҳои кӯдакон 100 Бобои Барфӣ лозим аст

Барои амалӣ шудани хостаҳои ин кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ва ба Бобои Барфӣ расонидани номаҳои навиштаи онҳо, Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ -- Тоҷикистон кӯмак мекунад. Масъулини ин созмон бо роҳандозии иқдоме таҳти номи “Бобои барфӣ барои кӯдакони хос” номаҳои беш аз 300 кӯдакро дар саҳфаи интернетии худ ҷо карда, аз мардум даъват намудаанд, то орзуҳои ин кӯдаконро дар либоси Бобои Барфӣ бароварда созанд.

Умед Алимов, як масъули Хазинаи Авруосиёгии Осиёи Марказӣ -- Тоҷикистон мегӯяд, номаҳои ин кӯдакон воқеан ғайриоддиянд ва аллакай аксарияти онҳо Бобои Барфии худро пайдо кардаанд.

Вале феълан маълум нест, ки то куҷо 100 номаи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва камбизоат ба дасти Бобои сеҳргар мерасад ё на. Ташаббускорони маърака бовар дорад, то 28 декабр барои ҳамаи кӯдакон Бобои Барфии хос пайдо мешавад ва ягон кӯдак аз бобо ноумед нахоҳад монд. Қарор аст дар арафаи соли нав, аниқтараш рӯзи 28 декабр тӯҳфаи орзуҳои кӯдакони мактаб-интернати низомаш хос дар Хирманаки Ҳисор бо дасти Бобои Барфӣ ба онҳо расонида шавад.