Ҳамсари У.Қувватов аз бемористон ҷавоб шуд

Қумриннисо Ҳафизова дар роҳ ба сӯи бемористон. Шаби 5 ба 6 март

Ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи 24" аз бемористон раҳо шуда, ба назди се фарзанди хурдсолаш баргаштааст. Аммо ду писари ӯ ҳанӯз таҳти назорати табибон дар шифохонаанд.

Табибони бемористони шаҳри Истамбул ҳамсари Умаралӣ Қувватов, раҳбари кушташудаи "Гурӯҳи-24"-ро аз шифохона ҷавоб дода ва гуфтаанд, ба ҷони ӯ дигар хатар таҳдид намекунад.

Яке аз дӯстону тарафдорони Умаралӣ Қувватов рӯзи 7 март ба Радиои Озодӣ гуфт, Қумриниссо Ҳафизова, ки аз истеъмоли нӯшоба бо фарзандонаш заҳролуд шуда буд, шоми 6 март ба хона, ба назди се фарзанди ноболиғаш баргаштааст. Ба қавли мусоҳиби мо, Ҳафизова бисёр афсурда аст ва маҷоли сӯҳбат бо расонаҳоро надорад.

Аммо ду фарзанди Умаралӣ Қувватов, ки ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ заҳролуд шудаанд, ҳанӯз дар шифохонаи Амният Фотеҳ дар маҳаллаи Оқсаройи шаҳри Истамбул таҳти назорати табибон ҳастанд.

Ӯ афзуд, "баъд аз шустани бадани Усмон, фарзанди калонии Умаралӣ Қувватов, вай ба ҳуш омад ва сӯҳбат мекунад, аммо ҳоли Абубакри 6-

Ду писари Умаралӣ Қувватов дар бемористон

сола, андаке вазнинтар аст. Аммо ба ҷони ҳардуи онҳо низ хатар таҳдид намекунад. Барои амнияти онҳо мақомоти интизомии Туркия чанд маъмури амниятиро дар шифохона мондаанд."

Умаралӣ Қувватови 47-сола, роҳбари "Гурӯҳи 24"-ро шаби 5 ба 6 март дар маҳаллаи Оқсарои Истамбул ба сараш тир зада куштанд. Ӯ, се узви оила ва муҳофизонаш баъд аз истеъмоли ғизо дар меҳмонӣ заҳролуд шуда, куштор дар пеши чашми онҳо, ҳангоми баромадан аз манзил бо мақсади рафтан ба бемористон ба вуқӯъ пайвастааст.

Рӯзномаи "Ҳуррият"-и Туркия менависад, Қувватов бо аҳли оилааш меҳмони ҳамдиёри худ Сулаймон Қаюмови 30-сола шуд ва аз ғизо заҳролуд гашта, ба кӯча баромадан замон ҳадафи ҳамла қарор гирифт.

Наздикони Қувватов ба пулис гуфтаанд, мумкин аст, Сулаймон Қаюмов дар ин куштор даст дорад, зеро ҳангоми меҳмонӣ рафтори шубҳабарангез дошт ва пасиҳам бо телефон сӯҳбат мекард. Вақте баъд аз хӯрдани ғизо вазъи ду писар ва ҳамсари Қувватов бад шудааст, онҳо хостаанд, ба бемористон раванд. Дар кӯча шахсе аз пушти сар ба Қувватов наздик шудаву аз фосилаи наздик бо чанд сухани тоҷикӣ ба сари ӯ тир задааст. Ҳангоми ин ҳамла Сулаймон нопадид гашта, дертар боздошт шудааст.

Маҳалли қатли раҳбари "Гурӯҳи 24"

Вале шахсе, ки бо ӯ телефонӣ сӯҳбат кардааст, мегӯяд, пулис баъд аз бозпурсӣ Сулаймон Қаюмовро раҳо кардааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ, ки бо вакилони дифои Қумриниссо Ҳафизова дар иртибот аст, рӯзи 7 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба онҳо муяссар нашудааст, хабари дастгир шудани Сулаймон Қаюмовро тасдиқ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони Авфи Байналмилал ё Amnesty International аз ҳукумати Туркия хостааст, қатли Умаралӣ Қувватов, раҳбар ва муассиси "Гурӯҳи 24"-ро зуд ва бетарафона таҳқиқ кунад, ҳақиқатро ошкор созад ва қотилонро ба ҷавобгарӣ кашад. Дар як баёнияи расмии Авфи Байналмилал, ки шоми 6 март нашр шуд, аз ҳукумати Туркия хоста шудааст, амнияти тамоми афродеро, ки аз Тоҷикистону дигар кишвар аз тарси таъқиб дар ватанашон гурехта ба онҷо омадаанд, кафолат бидиҳад.

Денис Кирошеев, намояндаи Афви Байналмилал гуфтааст, қатли Умаралӣ Қувватов дар Туркия дигарандешони тоҷикро, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, ба тарсу ҳарос андохтааст. Ба гуфтаи ӯ, созмони онҳо дар гузашта гузоришҳое гирифтааст, ки ба дигарандешани тоҷики хориҷ аз кишвар борҳо таҳдиди сӯиқасд ва куштан кардаанд, вале бори аввал аст, ки як фаъоли сиёсии тоҷик дар хориҷ аз кишвар кушта мешавад.

Созмони Афви Байналмилал дар ин баёния гуфтааст, ки вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар моҳҳои гузашта ва бахусус дар остонаи интихоботи парлумонӣ бадтар шуд. "Мақомот ҳаққи мардум ба озодии баён ва гирдиҳамоиҳоро маҳдуд карданд ва барои баёни андешаҳои дигар ва гуногун ҷой нагузоштанд",-омадааст дар изҳороти Афви байналмилал.

Қатли Умаралӣ Қувватов ва ба Тоҷикистон фиристодани Мақсуд Иброҳимов яке аз шарикони ӯ ба гуфтаи Денис Кирошеев, намояндаи созмони Афви Байналмилал, баёнгари афзоиши таҳдиду хушунат ба дигар мухолифони давлати Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар аст. Денис Кирошеев хостааст, ба ин таҳдиду фишорҳо хотима дода шавад ва гунаҳкорони чунин ҳамлаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ бояд ҷазои амалашонро бигиранд.