Гулчеҳра Собир: То ҳол боварам намеояд, ки Бозор дигар нест

Ҳамсари шоир аз Сэтли Амрико гуфт, аъзои хонавода ба хулосае омадаанд, ки ҷасади Бозор Собир дар Тоҷикистон ба хок супурда шавад. Шоири саршинос рӯзи 1 май дар синни 79-солагӣ дар як бемористони шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт.

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик баъди бемории тӯлонӣ, ки як моҳи охираш дар бахши эҳёгарии як бемористони шаҳри Сиэттли Амрико гузашт, рӯзи 1 май аз олам чашм пӯшид. Дар бораи марги шоир нахуст

Ҳамаи шароитат хуб аст, Саидқул, ҳаво тоза, гулу сабзаву дарахтон шукуфтаанд. Фақат як чиз намерасад”. Гуфтам: “Чӣ намерасад?” Хандиду гуфт: “Дар ҳавлиат садои чирчирак намерасад”. Хеле хандидем

вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод ва гуфта шуд, ки ҷасади шоир ба ватан оварда ва дар ҳамин ҷо хоксупорӣ мешавад. Ба гуфтаи дӯстони шоир, ӯ якуним соли пеш дубора ба ИМА баргашт. Бозор Собир аз охири соли 1995 ҳамроҳ бо оилааш дар Сиэттли Амрико муқимӣ шуд ва танҳо соли 2013 бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт.

"Макони дафнро васият накарда буд"

Рӯзи 2 май ҳамсари шоир Гулчеҳра Собир, ки то охир дар сари бистари бемории шавҳараш буд, гуфт, аъзои хонаводаи шоир барои интиқолу хоксупории ҷасад дар Тоҷикистон розӣ аст, танҳо маълум нест, ки рӯзи интиқоли ҷасад тавассути ҳавопаймо кай анҷом мешавад. Барои расидан аз Сиэттл ба Душанбе ҳадди аққал ду парвози ҳавопаймо ва беш аз 21 соат фурсат лозим мешавад.

Гулчеҳра Собир дар сӯҳбати мухтасар бо Радиои Озодӣ гуфт: “Фардо маълум мешавад, ки кай мебарем. Аммо масъалаи Тоҷикистон бурдан дигар ҳалшуда аст”. Ҳамсари шоир, ки бо садои хаставу ҳазин сӯҳбат мекард, гуфт, дарди марги ҳамсараш хеле амиқ аст ва бо вуҷуди бемории тӯлонии шавҳар, даргузашти ӯ як талафоти азиме барои ӯву фарзандонаш шуд. Вай гуфт: “То ҳол боварам намеояд, ки Бозор дигар нест. Сахт ғамгинем. Одами хуб буд, Худо раҳматаш кунад. Ҳамеша дар забонаш номи халқ буд. Мегуфт, шоири халқам, агар дар ғами халқ набошам, намешавад”.

Бозор Собир бо духтар ва ҳамсараш Шогуна ва Гулчеҳра. Акс аз саҳифаи фейсбукии Шогуна Собир

Гулчеҳра Собир гуфт, ҳамсараш як моҳи охири беморӣ ва баъди интиқолаш ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон, дигар ҳеҷ сӯҳбат намекард. Ба гуфтаи ҳамсар, васияте ҳам дар бораи макони дафнаш накардааст.

Хонум Гулчеҳра омода нашуд бештар аз ин сӯҳбат кунад. Вале дар Тоҷикистон мақомоти ҳукумат ва ҳам Иттифоқи нависандагон мегӯянд, барои интиқол ва хоксупории шоир дар ватан омода ҳастанд. Рӯзи 2 май як мақоми ҳукуматӣ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки тасмими дар оромгоҳи Лучоб дафн шудани шоир ниҳоӣ шудааст. Дар ин оромгоҳ, ки дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст, шахсиятҳои маъруфи давлативу фарҳангии Тоҷикистон дафн шудаанд.

"Садои чирчирак намерасад"

Рӯзи 2 май дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз дӯстону ҳамкорони наздики шоир овозхон Саидқул Билолов гуфт, ки ҳамеша аз Бозор Собир даъват мекард, ки ба Тоҷикистон баргардад ва дар муҳити дӯстону наздиконаш бошад.

Вай гуфт: “Ҳавои Сиэттл асосан борониву нам аст. Шоир аз дарди шуш ва роҳҳои нафас азоб мекашид ва зоҳиран дар иқлими Амрико сулфаву бемориаш бештар мешуд. Дар сӯҳбатҳои телефонӣ ҳам инро эҳсос мекардам. Вай ба хотири наздикӣ бо оилааш мехост дар он ҷо бимонад. Чандин бор ба ӯ гуфтам, ки “биё, дар ҳавлии ман исто, ҳавои хубу шароити мусоид дорем, ҳар чизе мехоҳӣ, бароят муҳайё мекунем.

Хоҳарат ҳам ҳамин ҷост, нигоҳ мекунад”. Як дафъа, баъди тахминан ду ҳафта меҳмон шуданаш дар хонаам гашту гуфт: “Ҳамаи шароитат хуб аст, Саидқул, ҳаво тоза, гулу сабзаву дарахтон шукуфтаанд. Фақат як чиз намерасад”. Гуфтам: “Чӣ намерасад?” Хандиду гуфт: “Дар ҳавлиат садои чирчирак намерасад”. Хеле хандидем”.

Саидқул Билолов мегӯяд, ҳамин ҷумлааш ҳам як инсони фавқулодда будани Бозор Собирро ифода мекунад ва дар шеър ҳам тасвирҳои нотакрор дошт, ки дигарҳо чунин гуфта наметавонистанд.

Рӯзи 1 май аксар ҳамқаламони Бозор Собир гуфтанд, ки адабиёти тоҷик як шоири нотакрорро аз даст дод.

Бозор Собир, ки фаъолияти эҷодии худро аз солҳои донишҷӯӣ дар факултаи забону адабиёти тоҷики ДДМТ (1960) шурӯъ кардааст, бо маҷмӯаҳои «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» ва дигарҳо маъруф аст.