Пайвандони Маҳмадалии Ҳаит, яке аз раҳбарони зиндонии ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, мегӯянд, ки рӯзи дувум аст, намедонанд, ҳамсар ва писари вай дар куҷост.
Яке аз наздикони Маҳмадалии Ҳаит 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки “рӯзи гузашта ба бинои асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рафтем, то фаҳмем, ки ҳамсару писари Ҳаит дар куҷоянд? Онҳо гуфтанд, ки худашон ба хона меоянду мефаҳмонанд, вале то бегоҳ хабар нашуд. Дигарбора ба назди кумита рафтем, дар он ҷо гуфтанд, ки дар ин бора иттиллоъ надоранд.”
Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, баъди иҷозаи расмии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи шанбеи гузашта бо ӯ дидор карда буд.
Ба гуфтаи пайвандони Маҳмадалии Ҳаит, субҳи рӯзи гузашта афроди ношинос Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Ҳаит ва Фирӯз, писари 17-солаи ӯро аз манзилашон гирифта, бо худ бурдаанд.
Ба гуфтаи ин пайвандон, “онҳо чанд нафар буданд ва либоси мулкӣ доштанд ва нагуфтанд, ки киҳоянд ва ҳатто санаде пешниҳод накарданд.” Ҳоло ин хабар бештар аз посух суол ба бор овардааст. Зеро агар ин ду нафар боздошт шуда бошанд, маншаи боздошт чист ва чаро касе ба хонаводаи Ҳаит дар бораи макони будубоши зану писараш маълумот намедиҳад.
Ҳафтаи гузашта расонаҳои марбут ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷ хабар пахш карданд, ки гӯё Маҳмадалии Ҳаит ҳанӯз дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳдорӣ мешавад ва дар пайи шиканҷа вазъи саломаташ бад шудааст.
Савриннисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалии Ҳаит, баъди иҷозаи расмии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи шанбеи гузашта бо ӯ дидор кард ва баъдан дар суҳбат бо расонаҳо эълон дошт, ки вазъи саломати шаҳвараш хуб аст. Ба қавли ӯ, Маҳмадалии Ҳаит гуфтааст, ки касе ӯро шиканҷа накардааст.
Маҳмадалии Ҳаит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, моҳи сентябри соли гузашта ҳамроҳи 13 тан аз аъзои раёсати олӣ ва шӯрои сиёсии ин ҳизб бо ҷурми терроризм ва даст доштан дар ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини пешини вазири дифоъ боздошт ва баъдан барои як умр равонаи зиндон шуд. Наздиконаш мегӯянд, ки худи Ҳаит дар баҳсҳои додгоҳӣ ҳеҷ гоҳ ин иттиҳомро эътироф накардааст.
Раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки дар хориҷа қарор дорад, низ борҳо ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ошӯби Абдуҳалим Назарзода танҳо баҳонае барои бастани ҲНИТ ва ҳамин тавр аз саҳнаи сиёсӣ дур кардани аъзои фаъолаш буд.