Рустами Эмомалӣ. "Шанси таърихӣ", "имтиҳони сангин" ё зинаи навбатӣ?

Нигаронӣ аз густариши фасод сабаби таъини Рустами Эмомалӣ ба мақоми раҳбари оҷонсии машҳур шуд ё тамрини писари раисиҷумҳур дар яке аз вазифаҳои калидӣ?

Раҳбари Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин шудани Рустами Эмомалӣ бо фармони падараш, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вокунишҳои гуногунеро ба бор овард. Аммо ҷолиб аст, ки аксари коршиносон ба ҷанбаъҳои мусбати он таваҷҷӯҳи бештар медиҳанд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, таъийни Рустами Эмомалӣ ба он маънист, ки ҳукумат аз болоравии сатҳи фасод сахт нигарон аст ва мубориза бо ин «саратони ҷомеа»-ро дар сархати фаъолияташ қарор додааст. Аммо, меафзояд мусоҳиби мо, «аз сӯи сарвари давлат дар ин мақом пазируфтани Рустами Эмомалӣ баъзе нозукиҳо низ дорад – аз ин баъд ҳама ахбор дар робита ба фасоду ришват аз шахси боэътимод ба раисиҷумҳур мерасад», дар ҳоле, ки «мансабдори дигар метавонист, ришватситонии ягон хешу табор ё дӯсташро пинҳон кунад».

Сайфулло Сафаров

Ӯ меафзояд, «Эмомалӣ Раҳмон на фақат президент, балки падари Рустами Эмомалист ва писар ҳақ надорад, ки ба падараш дурӯғ гӯяд. Ва дурӯғ ба манфиаташ ҳам нест, зеро Рустам хуб медонад, ки дигар сохтору манбаъҳо ҳам иттилоъ дар бораи вазъи фасоду ришватро рӯи мизи раисиҷумҳур мегузоранд».

Сайфулло Сафаров эҳтимоли тағйироти кадрӣ дар Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасодро байид намедонад ва мегӯяд, ки шояд Рустами Эмомалӣ бо мусоидати ёвари раисиҷумҳур дар масоили кадрҳо ва сохторҳои дигар мутахассисони варзидаву ҷиддӣ ва муҳимтар аз ҳама дасту дилашон покро ба кор даъват кунад.

ЗЕРИ КОСА НИМКОСАЕ ҲАСТ?

Қосими Бекмуҳаммад

Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, таъини Рустами Эмомалиро бо ду масъала – ҳассос будани мавзӯи фасод дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ба мубориза бо ин «мараз» сафарбар кардани шахси боэътимоди раисиҷумҳур бастагӣ медиҳад. Ӯ бо такя ба афроди огаҳ аз таҳаввулоти дохилии сохторҳои ҳукуматӣ мегӯяд, «замони раҳбарии Рустами Эмомалӣ ба Хадамоти гумруки Тоҷикистон вазъият нисбатан беҳбуд пайдо кард, бигирем, аз канори буҷаи кишвар «фирор» кардани маблағҳои гумрукӣ коҳиш ёфт, баъзе аз шахсиятҳо ё «мӯҳраҳо»-е, ки таъсиргузор дар низоми гумрукии Тоҷикистон маҳсуб мешуданд, аз мақомҳояшон барканор шуданд».

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгар Саймуддин Дӯстов, шояд ду омили дигар ҳам боиси аз мақоми раиси Хадамоти гумрук ба раёсати Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод гузаштани Рустами Эмомалӣ шуда бошад, «аввалан, дар моҳҳои январ ва феврал ба асари коҳиши воридот ба Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии боҷи давлатӣ ва пардохтҳои гумрукӣ иҷро нашуд, сониян – Русия фишораш болои Тоҷикистон барои узвияташ дар Иттиҳодияи гумрукӣ ва Иттиҳоди АвроОсиё шадидтар хоҳад кард ва дар ин гуна вазъ дар садри Кумитаи гумрук мондани писари бузурги раисиҷумҳур ба салоҳи кор набуд».

«ШОНСИ ТАЪРИХӢ»-И РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ?

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, раҳбарии Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод дар ҳоле бар дӯши Рустами Эмомалӣ гузошта шуд, ки раҳбари пешин онро ба як ниҳоди сиёсзада ва саркӯбгари мухолифини ҳукумат табдил карда буд – «парвандаҳои Зайд Саидов, Шӯҳрат Қудратов, Умаралӣ Қувватов ва чанд парвандаи дигар ба ин Оҷонс тақрибан рабт надоштанд, аммо Абдулфаттоҳи Ғойиб, аз ҷумла, бо ташаббуси худ барои дифоъ аз манфиатҳои ҳукумат дар ин парвандаҳо ҳимоят мекард ва ҳамчунин ба баҳсҳои иқтисодӣ ҳамроҳ мешуд, мисли қазияҳои Ҷӯрабек Охунов ё Муаттара Ҷӯраева».

Саймуддин Дӯстов

Саймуддин Дӯстов ҳадс мезанад, ки Рустами Эмомалӣ Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасодро аз сиёсат берун хоҳад кард. «Ӯ барои бознигарии қазияҳои сиёсии Зайд Саидов ва Шӯҳрат Қудратов шонси таърихӣ дорад, метавонад ин қазияҳоро биомӯзад ва бигирем, сӯҳбат бо чаҳор-панҷ муфаттиши Оҷонсӣ кофист, ки ӯ аз ҳақиқат дар бораи Зайд Саидов огаҳ шавад». Аммо дар ин бора ва дар мавриди то куҷо муваффақ будани Рустами Эмомалӣ дар мақоми нав фақат баъд аз гузашти ду-се сол метавон ҳарф зад. Саймуддин Дӯстов мегӯяд, «тақрибан ҳар фасодкор дар Тоҷикистон бо ин ё он мақоми қудратӣ ё маркази таъсиргузор робитаи наздик дорад, аз ин рӯ фақат шахсе чун Рустами Эмомалӣ, ки аз падараш «карт-бланш» дорад, метавонад ин афродро ошкор кунад, яъне, агар раисиҷумҳур воқеан назди писараш вазифа гузорад, ки фасодро дар Тоҷикистон решакан кунад, фикр мекунам, ки Рустами Эмомалӣ бо пиёда кардани сиёсати нави кадрӣ дар ин ниҳод ва барҳам задани сиёсатзадагии Оҷонс дар фаъолияташ муваффақ хоҳад шуд».

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, Рустами Эмомалӣ метавонад дар ҷомеаи Тоҷикистон чун шахси мубориз бо фасод муаррифӣ ва обрӯяш бештар шавад ва ҳамзамон овозаҳо дар бораи «аз пушти падар» ба мақоми баланд расидани ӯ аз байн раванд.

ЗИНАИ НАВБАТӢ Ё ИМТИҲОНИ САНГИН?

Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, «вақте дар мақоми калидӣ чунин як нафари ҷавон ва узви «хонавода» таъин мешавад, ин наметавонад бидуни мулоҳизаҳои сиёсӣ бошад. Бинобар ин, ман фикр мекунам, ки дар солҳои оянда шоҳиди тайиноти дигари ӯ хоҳем шуд, албатта, дар мақомҳои аз назари аҳамият хело волотар аз мақоми феълӣ».

Дигар таҳлилгарон ба он нукта ишора мекунанд, ки мақоми раиси Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод – зинаи навбатии Рустами Эмомалӣ барои мақоми олӣ дар кишвар аст ва шояд баъд аз панҷ сол, пас аз хатми мӯҳлати раёсати падараш, ҷойгузини ӯ дар курсии президентӣ шавад. Саймуддин Дӯстов бо ин гуфтаҳо мувофиқ аст, аммо, аз нигоҳи ӯ, Рустами Эмомалиро шояд барои мӯҳлати дертар - барои интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2027, омода мекунанд. Мусоҳиби мо боз як навбат дар курсии раисиҷумҳур мондани Эмомалӣ Раҳмонро байид намедонад, зеро «ӯ нисбат ба дигар раҳбарони кишварҳои худкома хело ҷавонтару серэнерҷӣ менамояд».

Таҳлилгар меафзояд, «роҳбари давлат мехоҳад, ки писараш дар мақомҳои калидӣ бошад, корро аз дохили низом ёд гирад ва таҷриба биомӯзад». Ва ҳамзамон баъзе аз заъфҳои ошкору ниҳони худро аз байн бубарад. Аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов, "Рустами Эмомалӣ ҳанӯз барои муошират бо хабарнигорон омода нест, замони раҳбарияш ба Хадамоти гумрук ягон бор бо кормандони расонаҳо мулоқот наорост ва «ин ба маъност, ки ӯ аз суханрониҳо дар маҳзари омм ва сӯҳбат бо расонаҳо бим дорад ё андешаву мулоҳиза мекунад». Дигар аз заъфи Рустами Эмомалӣ, ба гуфтаи мусоҳиби мо, «ҷӯрабозӣ»-и ӯст ва «гурӯҳи дӯстони ӯро дар пойтахт вобаста ба теъдоди мошинҳояшон «Гурӯҳи 21» меноманд. Ва ин гуна «ҷӯрабозӣ» дар шаъни генерал-майори 27-солаи тоҷик нест, мутмаин аст таҳлилгари тоҷик.

«МЕРОСИ ПАДАР ХОҲӢ, КАСБИ ПАДАР ОМӮЗ»?

Илҳом Алиев

Дар кишварҳои шӯравии собиқ ягона намунаи «муваффақ»-и аз падар ба писар «мерос» мондани мақоми раисиҷумҳурӣ дар Озарбойҷон сабт шудаст. Айёми қудрати Ҳайдар Алиев писараш Илҳом муовини аввали раиси ширкати давлатии нафт ва вакили Миллий Маҷлис буд ва бо ҳидояти падар бо нозукиҳои кор дар дохили ҳукумат ошно мешуд. Ба гуфтаи хабарнигори озарӣ Осаф Ҷаъфарлӣ, ҳар дафъа, ки Ҳайдар Алиев ба хориҷи кишвар мерафт, дар фурудгоҳ нахуствазиру раиси парлумон ва раҳбарони вазоратхонаҳо аз тарафи рост саф меоростанд ва Илҳом Алиев алоҳида аз тарафи чап меистод. Раисиҷумҳур баъди хайрухуш бо мансабдорон назди писараш меомад ва ӯро оғӯш мекард – ин паём ба ҳозирин буд, ки «ман дар кишвар нахоҳам буд, аммо чашму гӯшам ин ҷост». Моҳи июли соли 2003 Ҳайдар Алиеви мариз ва писараш Илҳом номзад ба мақоми президентӣ буданд. Моҳи август Илҳом Алиев бо дархости падараш дар курсии нахуствазири Озарбойҷон нишаст, ду моҳ баъд бошад Ҳайдар Алиев эълом дошт, ки номзадии худро ба фойидаи писараш бозмехонад. Дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи октябр Илҳом Алиев 79, 5 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд.

Барои Башор Асад ҳам мақоми раисиҷумҳури Сурия «мероси падар» аст. Аслан падари ӯ сарвари вақти Сурия Ҳафиз Асад мехост, ки писари бузургаш Басил ҷойгузинаш шавад, аммо ӯ соли 1994 дар як садама ба ҳалокат расид. Башор Асад, ки он солҳо дар Лондон дар ординатура дар риштаи ҷарроҳии чашм таҳсил мекард, ба Сурия баргашт ва омӯхтани илми низомӣ пардохт. Як рӯз баъд аз даргузашти падараш дар соли 2000 Башор Асад унвони генерал-лейтенантро соҳиб шуд ва сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи кишвар гардид. Ба хотири ширкати Башор Асад дар интихоботи президентӣ парлумони Сурия синни номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳурро аз 40-солагӣ то 34 солагӣ поён бурд.

Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ ҳам бисёр мехост, ки писараш Сайфулисломро дар садри кишвар шинонад, аммо бар асари ҳаводиси фоҷиабор худ кушта шуд ва писараш то ҳол дар кунҷи зиндон аст.

Гулнора Каримова

Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ талошҳои фарзандон барои ишғолии курсии президентии падар зиёд набуданд. Раисиҷумҳури пешини Қирғизистон Қурмонбек Боқиев писараш Максимро зина ба зина барои расидан ба курсии президентӣ омода мекард, аммо инқилоби «лолаги»-и соли 2010 садди роҳаш шуд. Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, то солҳои ахир чун номзади аслӣ ба мақоми сарвари давлат арзёбӣ мешуд ва аммо «дасисаҳои дарборӣ» ва парвандаҳои пурсару садои даст доштани Гулнораву атрофиёнаш дар фасод шонсҳояшро аз байн бурданд.

Ҳанӯз маълум нест, ки ягон духтари раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсутон Назарбоев курсии ӯро ба мерос хоҳанд гирифт ё хайр – Роҳат Алиев, домоди раисиҷумҳур ва ягона довталаби ин мақом аз «хонавода», ба душмани Назарбоев табдил шуд ва моҳи феврали соли равон дар яке аз зиндонҳои Вена-пойтахти Австрия аз олам даргузашт.

Рӯзу рӯзгор ва хонаводаи дигар сарвари худкомаи минтақа – президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пушти ҳафт пардаи асрор ниҳон аст…