Чӣ тоҷиконро ба Туркия мебарад?

Дар пайи як амалёти мақомоти интизомии Туркия, рӯзи 29-уми июл наздики 140 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд, ки дар миёни онҳо ҳашт тан шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд. Зоҳиран, пас аз таркиши 29-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул, ки мақомоти ин кишвар гумонбаронро зодагони кишварҳои Осиёи Миёна медонанд, назорат аз болои муҳоҷирон ҷиддитар шудааст.

Раҳматулло Сафаров, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе яке аз ин муҳоҷирон аст, ки ҳоло дар “Яванги шӯъба” ё худ тавақуфгоҳи вижаи Истанбул нигаҳдорӣ мешавад. Ин ҷавон дар як сӯҳбат тариқи барномаи иртиботии “Вайбер” рӯзи 14-уми август ба Озодӣ гуфт, ӯ аслан, аз Туркия ба миқдори кам барои тиҷорат ба Тоҷикистон либосворӣ мефиристод.

Тибқи муқаррарот шаҳрвандони Тоҷикистон бидуни раводид як моҳ ҳащқи иқомат дар Туркияро доранд. Сафаров мегӯяд, дар муддати як моҳ ӯ ҳар ҳафта тариқи ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон либосворӣ, ки вазнаш ҳам чандон зиёд набуд, мефиристод ва охири моҳ як бор ба хотири убури сарҳад худаш ҳамроҳ бо молҳои тиҷоратиаш ба Тоҷикистон мерафт.

Зоҳиран, пас аз таркиши 29-уми июн дар фурудгоҳи Истанбул, ки мақомоти ин кишвар гумонбаронро зодагони кишварҳои Осиёи Миёна медонанд, назорат аз болои муҳоҷирон ҷиддитар шудааст.

Сафаров мегӯяд, ин навбат аз иқоматаш дар Туркия як моҳ сипарӣ нашудааст ва ҳоло худаш намедонад, ки чаро ӯро бояд ихроҷ кунанд: "Гуфтанд, ки қонунҳои зиндагӣ дар Туркияро вайрон кардаӣ, аммо нагуфтанд, ки кадом қонунҳоро. То охири ҳафтаи дигар бояд ихроҷ кунанд."

Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ду ҳафтаи пеш ҳамроҳ бо ӯ инчунин ду хонаводаи тоҷикро низ дастгир карда буданд, ки ҳамроҳ бо аъзоёни оила 7 нафарро ташкил медоданд. Аммо Раҳматулло Сафаров мегӯяд, ин ду хонаводаро дуртар аз ӯ нигаҳдорӣ мекунанд ва се рӯз боз ҳеҷ иттилое дар бораи онҳо надорад. Зоҳиран, ба гуфтаи ӯ, ин хонаводаҳо низ барои нақзи қонунҳои буду бош дар Туркия муттаҳам мешаванд.

Алиҷон Ҳакимов, як ҷавони тоҷик, ки се сол боз дар Туркия дар сохтмон кор мекунад, мегӯяд, пас аз шадидтар шудани қонунҳои муҳоҷират дар Русия, ки дар пайи он садҳо муҳоҷири тоҷик ихроҷ шуд, теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба ин кишвар омаданд. Ин муҳоҷири тоҷик мегӯяд, ҳарчанд, даромади як муҳоҷир дар Туркия ба мисли Русия нест, аммо ба ҳар ҳол аз бекорӣ дар Тоҷикистон хубтар аст.

Аммо ин муҳоҷири тоҷики муқими Истанбул мегӯяд, аксаран тоҷикон бо се ҳадаф ба Туркия меоянд: «Бархе барои ҷанг ба Сурия ин ҷо меоянд, то сарҳадро убур кунанд. Дигарҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки Русия рафта наметавонанд ва барои кор ба ин ҷо меоянд. Сеюм гурӯҳ, ки ҳоло ба мушоҳидаҳои ман теъдодашон зиёд мешавад, гурӯҳе ҳаст, ки ба хотири ба кишварҳои аврупоӣ рафтан ба Туркия меоянд. Ҳатто шоҳид будам, ки бархе ба гурӯҳҳои хос 800 доллар пардохт мекунанд, то онҳоро ба Юнон бирасонанд. Аз ин тариқ онҳо ба кишварҳои аврупоӣ рафтан мехоҳанд.»

Аммо як ҷавони фаъоли тоҷики муқими Туркия, ки нахост номашро зикр кунем, ба Озодӣ гуфт, рӯзи 10-уми август дар як ҷаласа бо иштироки мақомоти Туркия ва созмонҳои ҷамъиятӣ масъалаи муҳоҷирон дар ин кишвар баррасӣ шуд.

Бисёре аз ҷангиён тоҷик қаламрави Туркияро барои рафтан ба Сурия ва Ироқ истифода мекунанд.

Ӯ гуфт, бардошташ аз мӯҳтавои ин нишаст он буд, ки мақомоти Турия тасмим гирифтаанд, то ҳар нафаре, ки кору зиндагиаш дар ин кишвар машкук ба назар мерасад, ихроҷ карда шавад. Бад-ин васила, ҳамчунин Туркия мехоҳад, ба хотири таъмини шаҳрвандони худаш ба ҷои кор, теъдоди муҳоҷирони кориро низ коҳиш диҳад.

Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Туркия дақиқ маълум нест. То се соли пеш тоҷикон ба Туркия танҳо барои тиҷорат мерафтанд, аммо дар пайи бӯҳрон дар Русия бархе муҳоҷирон барои кор ба ин кишвар рафтанд.

Туркияро дар Тоҷикистон ҳоло бештар ҳамчун як масири сафари ҷавонони тоҷик ба Ироқу Сурия мешиносанд. То ҳол наздик ба сад шаҳрванди Тоҷикистон бо қасди сафар ба Сурия дар Туркия боздошт ва ба ватан фиристода шудааст. Мақомоти тоҷик низ борҳо эълон карданд, ки беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар аксаран тариқи Туркия ба хоки Ироқу Сурия рафтаанд.

Бори аавал аст, ки Туркия бидуни дархости Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии ин кишварро мехоҳад, аз хокаш берун кунад.