Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар ҳамлаҳои Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидаанд" (АКСУ ВИДЕО)


Масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳамлаи интиҳории шаби сешанбе дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул ягон шаҳрванди кишвар осеб надидааст.

Вафо Ниятбеков, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ, 29 июн ба Озодӣ гуфт, "хабарҳое, ки то ҳол дастрас шуданд, нишон медиҳанд, дар миёни кушташудаҳо ва захмиёни ҳамлаҳои фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд." Аммо ӯ афзуд, намояндагони расмии Тоҷикистон дар Истанбул ин ҳодисаро пайгирӣ доранд ва дар сурати ба даст омадани иттилои тоза дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Фурудгоҳи Отатурки Истанбул барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳайси "роҳи тарнзит" барои рафтани онҳо ба Амркиову Аврупо ва ё баръакс хидмат мекунад. Ҳар ҳафта аз Душанбеву Хуҷанд ба Истанбул парвозҳо анҷом мешаванд.

​Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалии Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни шадидан маҳкум кардани амали террористӣ дар фурурдгоҳи Отатурки Туркия, ба муборизаи муштарак бар зидди тероризм ва ифротгароӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ таъкид кард. Ӯ 29 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "бояд дастандаркорони ин амали фоҷеабор ошкор ва ба муҷозоти олӣ гирфтор шаванд, то тероризм ва ифротгароӣ бештар паҳн нашавад ва паёмадҳои номатлуби худро барои инсоният барҷой нагузорад".​

Дар натиҷаи ҳамлаи интиҳории шаби сешанбе дар фурудгоҳи байналмилалии Истанбул 36 нафар кушта ва 147 нафари дигар захмӣ шудаанд. Биналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия, гуфт, ки вазъи шуморе аз захмиён "вазнин аст". Мақомоти Туркия гуфтанд, се ҳамлагари маргталаб хостаанд, ки ба толори қабули мусофирон дар фурудгоҳи Отатурки Истанбул ворид шаванд, вале пулис ба самти онҳо тир кушодааст ва маргталабон худро таркондаанд.

Хабаргузории "Ассошиейтед Пресс" аз қавли Боқир Боздак, вазири адлияи Туркия, навишт, "террористон аввал дар даромадгоҳи терминали фурудгоҳ аз автомати Калашников тир кушода ва сипас худро таркондаанд". Телевизионҳои туркӣ мошинҳои зиёди ёрии тиббиро нишон доданд, ки ба самти фурудгоҳ мешитобанд ва ё дар назди он ҳастанд. Хабаргузории DНА-и Туркия гузориш дод, ки дар байни маҷрӯҳон кормандони пулис ҳастанд ва онҳоро ба шифохонаи давлатии Боқиркой бурдаанд.

Видео дар инҷост:

Таркиш дар Отатурки Истамбул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00

То ҳол касе масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале ҳамлаҳои ахир дар Туркияро бештар кори дасти ҷудоиталабони курд ё гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" номидаанд. Моҳи декабри соли гузашта дар яке аз фурудгоҳҳои дигари Истанбул дар натиҷаи таркиш дар роҳи асфалтпӯш як фаррош кушта шуд.

Фурудгоҳи Отатурк дар Истанбул, яке аз бузургтарин фурудгоҳҳои дунё ба ҳисоб меравад ва соли 2015 бештар аз 61 миллион нафар аз тариқи он сафар кардаанд. Ҳоло ин фурудгоҳ баъд аз фурудгоҳҳои Ҳитроу дар Лондон ва Чарлз де Голл дар Париж аз сермусофиртарин фурудгоҳҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Аксҳои бештар:

Вазорати корҳои хориҷии Амрико чанде аз ин пештар ба шаҳрвандони кишвараш ҳушдор дод, ки вақти сафар ба Туркия дар маконҳои ҷамъиятӣ ва бахусус ҷойҳое, ки сайёҳон зиёд мераванд, "ҳушёр бошанд". Таркишу ҳамлаҳо дар чанд моҳи охир ба арсаи сайёҳии Туркия, яке аз бахшҳои муҳим ва сердаромади кишвар таъсир гузоштааст.

Кохи Сафед, Вазорати корҳои хориҷӣ, Ҳилларӣ Клинтон ва Доналд Трамп - номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳури Амрико ҳамлаҳои интиҳорӣ дар фурудгоҳи Истанбулро маҳкум кардаанд. Ҷош Эрнест, сухангӯи Кохи Сафед дар баёнияе эълон кард, ки "Амрико барои муқобила бо таҳдидҳои террористӣ дар канори Туркия истодааст".

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ ҳамла ба фурудгоҳи Отатурки Истанбулро маҳкум кардааст.

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф хостори муборизаи муштарак бо терроризм шудааст. Бино ба гузориши ИРНА, Зариф дар изҳороташ гуфтааст, "бори дигар чеҳраи зишти террор дар фурудгоҳи кишвари дӯст ва ҳамсояи мо сар баровард. Хушунати ифротгароёна таҳдиде ҷаҳонӣ аст ва бояд бо ҳам алайҳи он муқобила кунем."

XS
SM
MD
LG