Даҳани пӯшида ...32 дандони солим?

Нишасти хабарии Шӯрои адлия

Мансабдорони тоҷикро чӣ омилҳое аз муошират бо расонаҳо вомедоранд – тарс, эҳтиёткорӣ ё “дар курсии бегона нишастан”? Аҳли матбуот мегӯянд, мақомот дар Тоҷикистон дар муносибат бо хабарнигорон торафт эҳтиёткор мешаванд.

Ду “вазир нест”, як “раис қатӣ телефон гап мезана, баъд телефон кунед” ва як нидои олудаи ҳайрату парешонӣ “Аз куҷо? Аз Радиои Озодӣ?” ва ба думболаш “гууд.. гууд... гууд...” – натиҷаи тамосҳои “озмоиши”-и мо ба чаҳор вазоратхонаву идораҳои Тоҷикистон буд. Касе суол накард, ки бо раҳбараш дар кадом мавзӯъ ва чаро маҳз бо ӯ сӯҳбат кардан мехоҳем, шояд дафтари матбуот ё мақоми дигари вазорат ба суолҳоятон посух диҳад...

Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, бар пояи як пажӯҳиши ахиран анҷомдодаашон мегӯяд, мансабдорони тоҷик ҳарчӣ бештар эҳтиёткор мешаванд ва бо ҳар баҳона аз сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ фирор мекунанд. “Мо ҳам ба таври озмоишӣ ба 36 вазорату идораи даалатӣ дархости дарёфти иттилоъ кардем ва фақат ба 50 дар сад ба ин дархостҳо сари вақт посух додаанду халос. Дигарҳо бо баҳонаҳои гуногун ё хело дер посух додаанд ё аз ироаи итттилоъ сарпечӣ кардаанд,” - тавзеҳ кард ӯ.

ТАНБЕҲ БАРОИ МУСОҲИБА

Рӯзноманигорони тоҷик мегӯянд, ки бештар ҳангоми дарёфти тафсилоти ягон ҳодиса ё вокуниши сареъ ба он ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Аз нигоҳи Қироншоҳ Шарифзода, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, сабаб он аст, ки шахси соҳибмансаб ё аз ҳодиса бехабар аст ё бори масъулиятро бар дӯш гирифтанӣ нест ё аз ғазаби мансабдори воломақомтар бим дорад. Ӯ меафзояд: “Солҳои пеш баъзе вазирону раисони кумитаҳо ва сарони ноҳияҳо бо рӯзноманигорон озодона сӯҳбат мекарданд, андешаи худро дар ин ё он бора баён медоштанд. Мутаассифона, як-ду соли ахир ин “ташаббус” аз байн рафт ва ҳоло мансабдорон беиҷозаи раҳбарони зинаи болотар ба хабарнигорон ҳарфе намезананд”.

Қироншоҳ Шарифзода

Мусоҳиби мо мегӯяд, сабаби аслии ин гуна бархӯрди мансабдорон он аст, ки дар Тоҷикистон, ба ҷуз раисиҷумҳур, ягон соҳибмақоми дигар мустақил нест. Ва акнун аз зинаи поёнӣ то раҳбарони вазоратхонаҳо дар мавриди бо хабарнигорон сӯҳбат кардан “маътали ишораи бурути мансабдори зинаи болотар” мемонанд. Қироншоҳ Шарифзода меафзояд, ҳодисаҳое ҳам буданд, ки мансабдорони аз “хатти сурх” убуркарда ҳушдор гирифтанд,

Ҳарамгули Қодир, рӯзноманигори тоҷик, мегӯяд, шояд ба истиснои истеъфои Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси пешини идораи роҳи оҳани Тоҷикистон, далеле дар бораи маҳз ба хотири “ҳарфи зиёдатӣ” аз вазифа барканор шудани мансабдори воломақом ё ягон раҳбари маҳаллиро надорад, аммо хуб медонад, ки чанд вазир барои сӯҳбат бо ӯ танбеҳ шудаанд. Ҳарамгули Қодир мегӯяд: “Узр, ки ман номи ин вазирҳоро намегирам, зеро онҳо хеле риск карда, дар бораи аз “боло” танбеҳ шуданашон ба ман хабар додаанд. Ибтидо баъзе аз вазирҳо бо ишора ба он ки бо фармони раисиҷумҳур раҳбарии соҳаро бар ӯҳда гирифтаанд, хабарнигоронро аз пӯшти дарашон меронанд ва барои ин амал нафаре аз онҳо сарзаниш нашудааст... Баъдан ин гуна муносибат бо хабарнигорон миёни мансабдорони соҳибмақом “муд” шуд.”

Ҳарамгули Қодир

Вале, ба гуфтаи Ҳарамгули Қодир, дари баъзе аз вазирҳо, аз ҷумла, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат Шариф Раҳимзода, ҳамеша барои хабарнигорон боз аст... “Чунин мансабдорон, - меафзояд ӯ, ангуштшуморанд. Ман рӯзи шанбеи гузашта хостам бо раҳбари як идораи давлатӣ сӯҳбат кунам ва он рӯз зимнан, рӯзи қабули шаҳрвандон ҳам буд... Аммо ӯ рӯйирост гуфт, ки бо хабарнигорон сӯҳбат намекунад”.

“ГАП ЗАНАМ, ПРЕЗИДЕНТ ЧӢ МЕГУФТА БОШАД?”

Ба гуфтаи мусоҳибони мо, мансабдоронро метавон ба се гурӯҳ табақабандӣ кард – аввалӣ, онҳое, ки ҳамеша дарашон ба рӯи хабарнигорон боз аст, аммо теъдоди онҳо зиёд нест, дуввум, онҳое, ки аз сӯҳбат фирор намекунанд, аммо талаб мекунанд, ки номашон зикр нашавад ва саввум, мансабдороне, ки бо баҳона ё бебаҳона аз муошират бо расонаҳо сарпечӣ мекунанд.

Ҳарамгули Қодир низ сабаби аслии парҳези сӯҳбати мансабдорон бо хабарнигоронро дар мустақил набудан ва “худсенсори”-ву тарси онҳо аз барканорӣ мебинад: “Вақте як мансабдор бо хабарнигор сӯҳбат мекунад, зеҳнашро суоле машғул медорад, ки ба ин изҳори назараш раисиҷумҳур чӣ мегуфта бошад?”

Аз сӯи дигар, Қироншоҳ Шарифзода бо ақидае розист, ки бархе аз вазирон аз “бозиҳои дарборӣ” ҳарос доранд, яъне ҳар вазир рақибони худро дорад ва онҳо интизоранд, ки “аз даҳани ӯ чӣ берун мешавад?” Аз ин рӯ, онҳо бим доранд, ки гуфтаҳояшонро ба гунаи дигар ба “калон” мерасонанд ё мегӯянд, ки фалонӣ “имиҷсозӣ” мекунад ва шояд “нақшае” дорад.

Ҳарамгули Қодир ба он нукта ҳам ишора мекунад, ки як сабаби аз суолҳои хабарнигорон фирор кардани мансабдорон ...ҳирфаӣ набудан ва “дар курсии бегона нишастан”-и онҳост. “Вақте аз ин гуна мансабдор суол мекунӣ, ӯ аз ҷавоб мегурезанд ва маълум аст, ки вориди масъалаҳои соҳаи худ нест ва ё дар бораи кораш маълумот надорад. Ва роҳи аз ҳама осон барои онҳо ин аст, ки “ман гап намезанам” мегӯянд".

“ВАЗИР ҲАҚ НАДОРАД ҲАМА ЧИЗРО БИГӮЯД!”

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Пажуҳишгоҳи стратегии назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, дар давлату ҳукумат афроде ҳастанд, ки барои расонаҳо ҳамеша дастрасанд - мушовирони раисиҷумҳур дар умури байнулмилалӣ, дар умури робита бо ҷомеъа, сухангӯи раисиҷумҳур, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ, масъулини

Сайфулло Сафаров

Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ бояд билофосила ба суолҳои хабарнигорон ҷавоб гӯянд, зеро бо маводи таҳлилӣ сару кор доранд ва дар ҷараёни ҳаводисанд. Вале, меафзояд ӯ, “аз нуқтаи назари этикаи давлатдорӣ, ки дар ҳама кишварҳо қабул шудааст, рӯзноманигор бояд мусоҳиба бо вазир ё дигар мансабдори воломақомро пешакӣ ҳамоҳанг кунад ва саволҳоро ба ӯ фиристад”. “Яъне бояд вазир, ки як шахсияти сиёсӣ аст ва на ҳама вақт ҳама маълумотро дар ихтиёр дорад, фурсат дошта бошад ба шӯъбаҳои дахлдор супориш диҳад, ки барояш маводи зарурӣ ҷамъ оваранд”, мегӯяд Сайфулло Сафаров ва меафзояд, “вазир ҳақ надорад, ҳарчӣ дар забонаш омадаро бигӯяд, ӯ бояд бо такя ба далелҳои мӯътамад ва таҳлилҳои худашу ҳамкоронаш сӯҳбат кунад, то ҳарфаш сабук ё бемағзу бепоя набошад”.

Мусоҳиби мо мегӯяд, Тоҷикистон аз кишварҳои ангуштшумор аст, ки вазирон ва раҳбарони идораву муассисаҳояш муваззаф шудаанд то ҳадди аққал ду бор дар як сол нишасти хабарӣ доир карда, аз натиҷаҳои корашон ҳисобот диҳанд. Аммо, аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев, аҳамияти ин нишастҳо ба тадриҷ кам мешавад. Дар аввал нишастҳои хабарӣ боре дар се моҳ ва ҳатман бо ҳузури раҳбарони аввали вазорату идораҳо баргузор мешуданд, баъдан тасмим гирифта шуд, ки раҳбарони соле ду бор ҳисобот диҳанд. Акнун бархе аз вазирон ба нишастҳо ё муовинҳои худро мефиристанд ё фақат ба суолҳои “беозор”-и расонаҳои давлатӣ ҷавоб медиҳанд.

Аз нигоҳи Масъуд Собиров, корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон, ба таҷрибаи вазирони аврупоӣ ишора мекунад ва мегӯяд “вазирҳо муваззафанд, ки пеши мардум аз кору борашон ҳисобот диҳанд, зеро аз пули андозсупоранда зиндагӣ мекунанд”. “Ман чанд бор шоҳид будам, ки раисиҷумҳур аз вазирҳо ва дигар аъзои ҳукумат талаб мекард аз мардум нагурезанд, ба онҳо дар бораи фаъолияташон, дар бораи барномаҳояшон сӯҳбат кунанд, аз ҷумла, аз тариқи рӯзномаҳову радиову телевизион...” Мусоҳиби мо меафзояд, парҳези мансабдорон аз додани иттилоъ метавонад боиси сӯитафоҳум, пахши овозаҳо ва беэътимодии мардум ба ҳукумат шавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи мусоҳибони мо, конфаронси матбуотии сарвари давлат бо даъвати садҳо хабарнигори маҳалливу хориҷӣ, ки аз он раҳбарони бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Владимир Путин, кор мегиранд, барои рӯзноманигорони тоҷик чун як рӯъё боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Нуриддин Қаршибоев, тайи ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ як бор ин гуна нишасти хабарӣ доир намуд ва ба он фақат хабарнигорони “худӣ” даъват шуданд. Қарор буд, он сӯҳбати ошкоре мешуд, ки “ҳама гап фақат дар толор мемонд”. Вале баъзе аз гуфтаҳои сарвари давлат аз чаҳордевори толор берун рафт ва аввал ба гӯши хабарнигорони хориҷӣ ва баъдан ба гӯши раҳбарони баъзе давлатҳо расид... Баъд аз он дафтари раёсатҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки аз ин гуна таҷриба кор нагирад. Ҳоло сарвари Тоҷикистон фақат баъд аз ҷаласаҳои муҳим ва музокирот бо раҳбарони кишварҳо дар нишастҳои хабарии муштарак зоҳир мешавад.

Аз миёни раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев бо хабарнигорон сӯҳбат мекунад ва мансабдорони ин кишвар ҳам дар ибрози назар озодтаранд. Аммо Ислом Каримову Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чун Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат бо хабарнигоронро зиёд хуш надоранд. Нурсултон Назарбоев, агар сӯҳбате карданӣ шавад, асосан хабарнигорони “худӣ”-ро даъват мекунад...