Падари Шаҳбол барои харҷи ҷарроҳии фарзандаш, ки дар натиҷаи бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шудааст, хонаашро дар фурӯш гузоштааст.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 18 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мутахассисони эронии беморхонаи «Сино»-и пойтахт барои ҷарроҳии писараш изҳори омодагӣ кардаанд, вале азбаски ин ҷарроҳи пули зиёд мехоҳад, ӯ хонаашро дар ноҳияи Ашт ба фурӯш гузоштааст.
«То ҳол фақат ба президенти кишвар дар масъалаи кумак муроҷиат кардем ва ҳоло мунтазири посух мебошем, лекин ман сабр карда наметавонам, бояд фарзандам ҷарроҳӣ шавад. Беҳад ҷароҳии нозук будааст ва барои он 63 000 евро лозим аст. Аз ин рӯ хонаамро дар фурӯш гузоштам,» - гуфт падари Шаҳбол. Сарбоз Шаҳбол Мирзоев , ки дар бинои 5-уми беморхонаи Қарияи боло бистарӣ аст, мегӯяд, ки ӯро 10 рӯз пеш ҳамхидматонаш латтукӯб карда, гарданашро шикастаанд.
Пули табобати Шаҳболро кӣ медиҳад? Қисми низомӣ? Давлат? Ё касе ки ӯро маъюб кард?
Бо ин ҳол, бо гузашти 10 рӯз аз маъюб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи бадрафторӣ дар қисми низомӣ то ҳол маълум нест, ки пули табобати ин сарбозро бояд кӣ пардохт кунад?
Дилшод Исломов, муовини додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳ муайян хоҳад кард, харҷи табобати Шаҳбол Мирзоевро кадом ҷониб бояд пардохт кунад.
Зафар Мирзоев фармондеҳи қисми низомие, ки Шаҳбол Мирзоев хидмат мекард, низ қаблан ба Озодӣ гуфт, «дар бораи пардохти маблағи табобат чизе гуфта наметавонам ва намедонам, кӣ ин маблағро мепардозад?».
Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, ки бар асоси қонунҳои кишвар ҳар сарбозе ки ба сафи артиш ҷалб мешавад аз сӯи давлат суғурта мешавад.
Бузургмеҳр Ёров, роҳбари коллегияи адокатҳои «Сипар» рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки « ҳар сарбозе, ки дар сафи артиш бо ӯ ҳодисаи нохуш рух медиҳад, бояд аз ҳисоби буҷаи давлат ба пуррагӣ табобат гирад ва пули масрафшударо ҳам бояд давлат пардохт кунад.» Аммо ба гуфтаи ин ҳуқуқшинос қонунгузорӣ чунин ҳолатеро ҳам муайян кардааст, ки бо қарори додгоҳ , агар сарбози латтукӯбшуда қобилияти корияшро аз даст диҳад ва маъюб шавад, сарбози муҷрим вазифадор мешавад, то охири умр ба ӯ ҷуброн пардохт кунад.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, писари ӯро рӯзи 8 март дар қисми низомие ки хидмат мекард, ба бадрафторӣ аз ҷониби як ҳамхидматаш дучор шуда, дар натиҷа гарданаш шикастааст. Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, ҳарчанд аз қисми низомӣ барои харидани доруҳои фарзандаш ба ӯ кам-кам кумак мекунанд, вале барои табобати комили писари ӯ дар як бемористони Олмон 64 400 евро хостаанд, ки ӯ надорад. Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, рӯзгори хонаводаашро аз пули муҳоҷират дар Русия таъмин мекарду хабари маъюб шгудани писарашроҳ ам аз Русия шунида, хесту омад ва албатта, 63 000 евро барояш маблағе миёншикан аст.
Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, сарбозони собиқадор ё ба истилоҳ "дед"-ҳо писараш Шаҳболро, ки танҳо моҳи ҳафтум аст, хидмат мекунад, маъюб кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи Дилшод Исломов, муовини додситони ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе, алайҳи сарбоз Усмон Ғайратов, ки ба ҳайси фелдшер дар бунгоҳи тиббии қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ кор мекард, бо иттиҳоми «вайрон кардани қоидаҳои низоми қисми ҳарбӣ бо моддаи 373, қисми 2 парванда боз карда шудааст.»
Худи сарбоз Шаҳбол Мирзоев дар ҳоле, ки дар яке аз ҳуҷраҳои бинои 5-уми беморхонаи Қарияи боло бистарӣ ва зери назари пизишкон буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "шоми 8-уми март дандонам дард кард ва ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ рафтам. Аз он тараф омадан дар ҳавлӣ Усмон Ғайратов, сарбоз маро бардошта ба замин зад. Дигар дасту пойҳоям аз ҳаракат монд. Вай ба болоям баромад. Ҳарчанд гуфтам, ки дасту поям қувват надорад, касе маро гӯш накард. Маро ба дохил дароварда, чанд нафари дигар ба пойҳоям оби ҷӯш рехтанд, лезва заданд, сӯзан заданд, ки ҳис мекунам ё не. Ман дигар чизеро ҳис намекардам."
Ба гуфтаи наздикони Шаҳбол, дар қисми низомӣ ба ҷои онки ӯро билофосила ба бемористон баранд, як рӯз ӯро онҷо нигоҳ доштаанд ва танҳо баъди он ки Шаҳбол бо шири модараш қасам хӯрдааст, ки бо айби кӣ шикастани гарданашро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба бемористони Қарияи боло овардаанд. Фармондеҳи ин қисми низомӣ Зафар Мирзоев аммо ҳафтаи гузашта ба Озодӣ гуфт, ин сарбоз латтукӯб нашудааст, балки … бо ҳам гуштӣ гирифтаанд.
Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, ҳоло масъалаи асосӣ ба по хезондани фарзандаш аст, ки аз гардан поёнаш аслан ҳаракат намекунад ва панҷаҳои дастонаш намеҷунбанд. Ӯ меафзояд, феълан дар ҳоле қарор дорад, ки ба ҳамаи навъи кумак ниёз дорад. Вай гуфт, ки ба номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ариза навишта, хостори муҷозоти ҳамаи омилони бадрафторӣ нисбат ба фарзанди сарбозаш шудааст.
Қазияи шикастани гардани Шаҳбол Мирзоев дар қисми низомӣ дар ҳоле расонаӣ шуд, ки дар Тоҷикистон ба мавсими баҳории даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ омодагӣ мегиранд. Сарнавишти Шаҳбол бори дигар масъалаи бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ дар Тоҷикистонро вирди забон кард ва ба мавҷи интиқодҳои тунд рӯбарӯ шуд.
Шаҳбол Мирзоев ҳамагӣ 7 моҳ пеш довталабона ба хидмати низомӣ рафт, чунки баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд мехост кори хубтаре пайдо кунад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад